ДДҲБСТ: Риояи қонунгузории андоз мароми мост!

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амалишавии Кодекси андози кишвар, ҳамоҳангсозии мақомотҳои молия, андоз ва дигар сохторҳои иқтисодии кишвар талошҳои шоиста менамояд. Воқаен, фаъолияти пурсамари Кумитаи андоз ба истифодаи мақсадноки захираҳои молиявии давлатӣ равона гардид, ки кишварамон ба  ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодї ноил шуд.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз низ  ҷиҳати  болоравии сатҳи некўаҳолии халқ, бунёди корҳои созандагї, баландшавии музди маоши кормандони соҳаи буҷавї, пурқувваттар шудани ниҳодҳои амниятӣ ва қудратии кишвар ва ба ин васила  болоравии нуфузи кишвари соҳибистиқлоламон  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  аз ғановати буҷети кишвар тадбирҳои судманд меандешад. Ташкили мизи мудаввар таҳти унвони “Мониторинги горизонталї” бо андозсупорандагон ва маросими қадрдонии онҳо аз зумраи чунин тадбирҳои созанда маҳсуб меёбад.

Дар мизи гирд, ки  вобаста ба  роҳҳои  рушди муносибатҳои шариконаи мақомоти андоз бо андозсупорандагон доир гардид,  ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода иштирок намуд. Дар доираи маросими дипломсупорӣ ба ДДҲБСТ бо назардошти нишондиҳандаҳо барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз ва саҳми назаррас дар рушди иқтисодиёт ва қисми даромади буҷети давлатӣ Ифтихорномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Раёсати донишгоҳ, минбаъд низ муносибатҳои шариконаро бо мақомоти андоз густариш бахшида, қонунгузории андоз, пурра ва сари вақт пардохти  андозҳоро риоя намуда, дар шукуфоии зиндагӣ, сарсабзии диёр ва саломативу некбахтии насли имрӯзу фардо  саҳм мегузорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like