Омӯзиши технологияи нав

Шуруъ аз санаи 17.01.2022 то 22.01.2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон курси кўтоҳмуддати омӯзиши технологияи нав ташкил ва гузаронида шуд. Ҷадвали баргузории курси мазкур аз тарафи раёсати донишгоҳ тасдиқ гардида, бо риояи талаботи беҳдоштӣ  зиёда аз 100 нафар омӯзгорону кормандони донишгоҳ ҷалб гардиданд.

Тибқи барномаи намунавии тасдиқгардидаи курси омӯзишӣ, аз тарафи мутахассисони бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ ва омӯзгорони пуртаҷрибаи факултети инноватсия ва телекоммуникатсия мавзӯҳои мубрам дар шароити пандемия интихоб гардида, нақшаи мавзӯҳои баррасишавандаро таҳия ва тасдиқ намуданд. Мавзӯъҳо бештар барои баланд намудани сифати маводи электронии таълимӣ – видеомавод, истифодабарии имкониятҳои навини таҳияи презентатсия, тахтаҳои электронӣ ва проектор, таҷҳизотҳои беноқили шабакавӣ, роҳҳои пайвастшавии ба машғулиятҳои онлайнӣ, риояи қоидаҳои бехатарии иттилоот ва самаранок истифода намудани низоми иттилоотии донишгоҳро дар бар мегирифт.

Зимни курси омӯзишӣ иброз шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Ҳукумати электронӣ” чунин таъкид намудаанд: “Дар марҳалаи имрўза бо истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад”.

Дар донишгоҳ ҷиҳати татбиқи амалии санадҳои вобаста ба рушди ҳукумати электронӣ мутахассисон барномаи коргузории электронӣ коркард ва таҳия намуданд.  Ин иқдом аз рушди системаи иттилоотии донишгоҳ шаходат медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар донишгоҳ аз оғози соли хониши нав, низоми иттилоотии нави донишгоҳ  “Идоракунии рақамии донишгоҳ -DEM.tj”  ба истифода дода шуд, ки мақсади асосии он  мутаҳидкунии системаи дигари донишгоҳ ба як низом, таҳлил ва пешниҳоди маълумот ба сохторҳо буда, барои бартарафкунии камбудиҳо ва қабули ин ё он қарор мусоидат менамояд.

Раёсати донишгоҳ кӯшиш менамояд, ки дар чoрчӯбаи татбиқи Стратегияи давлатии технoлoгияҳoи иттилooтӣ – кoммуникатcиoнӣ, ки бo Фармoни Президенти Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн аз 5 нoябри coли 2003 (№ 1174) таcдиқ шудааст, Консепсияи Ҳукумати электрониро дар донишгоҳ боз ҳам вусъат намояд  ва ҷиҳати амалинамоии он чораҳои зарурӣ андешад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like