ДДҲБСТ:Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди машғулиятҳо

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бо ибтикори бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шуруъ аз санаи 10.01.2022 то 21.01.2022 дар факултетҳои донишгоҳ семинар-машварати таълимию методӣ дар мавзўи «Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди машғулиятҳо» баргузор гардид. Дар кори семинар устодони факултетҳои донишгоҳ бо маърўзањо баромад намуда, маслиҳату маълумотҳои муфид оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани презентатсияњои мултимедиавї, шавқовар гузаронидани машѓулиятҳо бо усулҳои фаъоли таълим пешниҳод намуданд.
Зимни баргузории семинар-трейнинг устодон – дар факултети бизнес ва идоракунӣ Дадохон Аминов ва Фурқат Шамсиев, дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Дилшодҷон Олимов, Муҳаммадҷон Ҳусайнов ва Муродҷон Ҷўраев, дар факултети инноватсия ва телекоммуникатсия Умринисо Ҷалилова, Раъно Шодиева ва Дилафрўз Азизова, дар факултети молия Машҳураҳон Насимова, Умеда Носирова, Сурайё Алиҷонова ва дар факултети ҳуқуқшиносӣ Ҳамзаалӣ Воситов бо маърўза ва презентатсия баромад намуда, дар рафти баргузории машғулият истифода намудани усулҳои фаъоли таълимро ба устодон тавсия намуданд.
Дар ҷараёни баргузории семинар-машварати таълимию методӣ намояндагони раёсати донишгоҳ ширкат варзида, иброз доштанд, ки баргузории семинари мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like