Ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо донишгоҳҳои Федератсияи Русия тақвият меёбад.

Дар заминаи ҳамкориҳо 20 январи соли 2022 декани мактаби олии муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгороди Федератсияи Русия доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Колобова Светлана Анатолевна ва сардори маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд Биховский Никита Валеревич ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир қабул намуда, оид ба рушду инкишофи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон таъкид намуд. Дар вохӯрии мазкур инчунин, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Блиничкина Надежда Юревна ва сармутахассиси шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ Шарипов Комилҷон Каримович иштирок намуданд. Зимни вохурӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти таълиму илм, ташкил намудани барномаву ихтисосҳои муштарак ва забономӯзӣ байни донишгоҳҳои зикргардида баррасӣ гардиданд.
Дар идома, меҳмонон бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович мулоқот карданд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар сатҳи кафедраву факултетҳо низ тақвият дода шуда, мизҳои гирду конфронсҳои онлайнӣ доир карда мешаванд.
Сардори маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд Биховский Никита Валеревич пеш аз лексияи Колобова С.А. ба роҳбарияти ДДҲБСТ ва донишҷӯён барои ҳамкорӣ миннатдории худро баён намуда, оид ба фаъолияти маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд сухан кард.
Дар ин рӯз ҳамчунин Колобова С.А. барои донишҷӯёни курси 4 факултетҳои сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва бизнес ва идоракунии донишгоҳ лексия дар мавзӯи “Компетенсияҳои мутахассиси муосир дар соҳаи робитаҳои байналмилалӣ” қироат намуда, бо донишҷӯён сӯҳбат намуд.
Зимнан бояд таъкид кард, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд то ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба байни магистарантону унвонҷӯён ва омӯзгорон низ ба роҳ монда шавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like