Паём – сарчашмаи рушду инкишоф

19 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси вилоят, раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти ҳайъати таблиғотӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарифзода, муовини раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикситон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода ва аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Шуълаи Умед” Мирзоаъзам Мақсудов иштирок ва баромад намуданд. Ноибректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия Мубина Хоҷаева мулоқотро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад.
Сипас, Абдуҳаким Шарифов доир ба ҷанбаҳои гуногуни Паём суханронӣ карда, аз саҳми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт, ободию шукуфоии кишвар, дастгирию ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа ёдовар шуда, иштирокчиёнро ба дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Дар идомаи мулоқот Мирзоаъзам Мақсудов ва Фирдавс Фахриддинзода баромад намуданд. Иброз гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ перомуни файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зада, бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст. Дар ин давра мо мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққӣ бунёд намудем.
Дар интиҳо қайд гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат бо таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун барои рушди бештари иқтисодиёт, саноату кишоварзӣ, маорифу фарҳанг, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд. Бо назардошти ин моро зарур аст, ки ба истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз тамоми имкониятҳо истифода барем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like