Муқовимат бо терроризм қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс аст
Террористону экстремистон – хатари ҷомеа мебошанд. Терроризм як шакли зӯроварии муташаккил мебошад. Терроризм ва экстремизм мафҳуми умумиҷаҳонӣ буда, табиатан маънои «бад», «бадӣ»-ро таҷассум менамояд. Онҳо ашхосони бераҳм ва кӯшиш мекунанд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёт ва тафаккурро зери назорат худ гиранд.
Хусусиятҳои террористон ин:
-маҷбурӣ тағир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани давлату давлатдорӣ;
-бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ;
-тарғиби истисноӣ, бартарӣ ё паст будани шахс аз рӯи мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ ё муносибати ӯ ба дин.
-поймол кардани хуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс ва шаҳрванд;
-ба таври ошкоро бардурӯғ айбдор кардани шахсе, ки мансаби давлатиро ишғол мекунад, дар ташкил намудани кирдорҳои ҷиноятӣ пешсафанд;
-ташкил ва тайёр кардани ин террактҳо, инчунин ташфиқ кардан ба иҷрои онҳо;
-даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ё сафедкунии оммавии терроризму террористон; ташкил намудани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ.
Ташкилоти эктремистиву террористии ҳизби наҳзати ислом ин ташкилоти хиёнатгар, иғвогар, хоин, хиёнаткор, бадгумон, аҳдшикан, туҳматгар. Ин ташкилот ва аъзоёни он осудагию оромии фарде ё ҷомеаеро халалдор сохтан, сохтаҳои ҳадафмандонаро сӯхтан, будаҳоро нобуд кардан, ба ҳақ ноҳақиро раво дидан, ба сафедӣ хати бутлони сиёҳӣ кашидан андар хиёнат рӯ менамояд. Вақте дар вуҷуди инсон хиёнат қомат меафрозад, хиёнатгар қудрату тавон мегирад, кўшиш менамояд, ки аз амали хурди разилона ба корҳои бузургтар панҷа занад, байни ҷомеа иѓво ангезад, ба осудагию оромӣ такони манфӣ диҳад, барои манфиати фардӣ даст ба корҳои ношоиста занад.
Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИТ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо Қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин хизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.
Ва бояд қайд кард, ки вазнинтарин ва нобахшидатарин хиёнат ин хиёнат кардан ба халқу ватан ва миллат мебошад. Ба онҳое, ки барои мансабу ҷоҳ ва молу манол ба сулҳу салоҳ ва ягонагиву ваҳдати ватанамон хиёнатро раво медоранд, оштинопазир бошем, гумроҳон ва манфиатҷўёнро пайваста маҳкум намоем.
Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёмҳо ва баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки ҷавонон – ояндаи миллатанд. Дар ин ҷода ҷавонон бояд зиракии фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсии худро ҳамеша нигоҳ дошта, ба иѓво ва таблиѓоти афрод ва гурўҳҳое, ки дар хориҷкишвар истода ҷониби ватани худ санг мезананд, дода нашаванд. Бешак ин гуна афрод фурўхташуда ва иҷрокунандаи барномаҳо ва супоришҳои хоҷагони хориҷии худ мебошанд. Аз ин рў, ҷавонон бояд пайваста дар ҳифзи ватану халқу миллат бошанд, зеро меваи баъди қарнҳо бо душвориҳои зиёд ба соҳибистиқлолӣ ва озодӣ расиданамонро муҳофизат намоянд, барои ватану миллату халқ содиқона хизмат намоянд ва кӯшиш намоянд, ки Ватанамон обод бошад.
Атоева М.М. – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ