БЕАДОЛАТИҲОИ КАБИРӢ ВА ҲАММАСЛАКОНИ Ў

Имрўзҳо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо ҳамдигар наздик шуда, амалҳои ғаразноки худро амалӣ кардан мехоҳанд. Ба ин гурўҳҳои экстремистиву террористӣ гурўҳҳои ҷангиёни Ҳаракати исломии  Ӯзбекистон, ҳаракати «Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шомил мебошад. Новобаста аз он ки фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳоро  аз тарафи Суди олии кишвар манъ карда шудааст,  вале  дар кишварҳои хориҷӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ амалҳои ноҷавонмардонаи худро идома дода истодаанд.

Имрўз аз сомонаҳои интернетӣ маълум гардида истодааст, ки Кабирӣ роҳбари мухолифин дар кишварҳои хориҷ силоҳбадастони худро доштааст. ва шумораи онҳо даҳ ҳазор нафарро ташкил медодааст.

Магар онҳоро бар зидди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон истифода мебарад? Магар бар зидди мардуми тоҷик истифода менамояд? Ин шахсияти беинсофу беадолат фикр накардааст, ки дар хоки кадом кишвар ба дунё омадааст ва кадом модар ин ношукрро тавлид кардааст.

Ҳанўз аз ёди мардуми азияткашидаи тоҷик  оқибатҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта нарафтааст. Саркардагони собиқ мухолифини ҳизби террористии экстремистии наҳзати ислом мардумро гумроҳ намуда, падарро бар зидди писар ва писарро бар зидди падар бархезонида буданд.

Мардуми бегуноҳ хоки ватанро аз тарсу ҳарос тарк намуда ба хоки давлати бегона гуреза гардида буданд. Магар ин ҳама азобу шиканҷа ва одамкушиву ғоратгарӣ, бераҳмиву ваҳшоният аз тарафи онвақта кифоя набуд.

Имрўз дар замони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, сериву пурӣ боз меросхўрони онҳо бо роҳбарии Кабирӣ аз кишварҳои хориҷӣ истода бо истифода мухолифини аз сомонаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна баромадҳо ва даъвоҳои беасос карда истодаанд.

Ҳанўз дар хотир дорам, ки дар яке аз интихоботи парлумони кишвар мухолифин бо роҳбаии Кабирӣ якчанд нафар ба мақомоти Олии Қонунбарори кишвар интихоб ва шомил гадида буданд. Вале бинобар аз ўҳдаи вазифаи хеш дар парлумони кишвар набаромаданашон парлумони кишварро тарк намуда, ба кишварҳои хориҷа рафта бо маслиҳатҳои хоҷагони хориҷии худ бар зидди давлату миллати худ хизмати хирсона намуда истаанд.

Бояд қайд намуд, ки кишвари азизи мо имрўз даҳ миллион аҳолӣ дошта, мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои тинҷиву оромӣ,  сулҳу салоҳ ва осмони соф зиндагонӣ карда истодаанд.

Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бояд дар хотир дошта бошад, ки кирдорҳои ноҷавонмардонаи худро хотима бахшанд ва бар Ватани тоҷикон хиёнатро раво набинанд. Кабириро зарур аст, ки аз нобакориҳои худ даст кашида кишвари тинҷу оромро ноором насозад.

 

Мирзоев А. Н.-муаллими калони кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

 

You might also like