Сабабгори мушкилоти муҳоҷирон дар сарҳади Белоруссия ва кишварҳои Аврупо

Руйдодҳо атрофи муҳоҷирони иҷборӣ аз давлатҳои Африка ва Шарқи наздик  дар сарҳади Белоруссия ва Полша мушоҳида мешаванд,  руз аз руз мутташаниҷ гардида, то сатҳи масъалаҳои  гуё «муҳими сиёсии Иттиҳоди Аврупо» бардошта шудааст. Таҳлили  ин ҳодисаҳо нишон медиҳад, ки ҳанӯз моҳҳои ноябр-декабри соли 2019 дар Белоруссия вазъият атрофи интихоботи  президенти ин кишвар мураккаб гардида буд.

Гуфтушуниди ҳукуматии Белоруссия бо Россия ҷиҳати «интегратсияи амиқ»-и  ду кишвар ва консепсияи ташкили «Давлати муттаҳид», инчунин  қабул  шудани  як  қатор  созишномаҳои байни ин ду давлат ва  масъалаи  бунёди  парлумони муттаҳид  кишварҳои  Аврупоро  ором  намегузорад. Онҳо зидди ташкили чунин иттиҳод  мебошанд  ва ба рушду пешравии иқтисодиву сиёсии ин кишаварҳо   кӯшишҳои пайвастаи   худро  идома дода, акнун зери пардаи  «вазъияти бади муҳоҷирон дар сарҳад» ба ҳуҷуми навбатии иттилоотии фишороварӣ зидди Белоруссия оғоз карданд.

Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ маруми кишварҳои Африка ва Осиёи наздик маҷбур шуданд, ба кишварҳои Аврупо муҳоҷир шаванд? Кадом омилҳо ба муҳоҷирати онҳо сабаб гардиданд ? Барои ҷавоби аниқ додан ба ин  масъалаҳо  маротибаи дигар  пайомод ва рўйдодҳои солҳои гузаштаро дар ин  кишварҳо таҳлил карда, баҳам пайвастагии воқеаҳои рухдода ва муҳоҷирати имрузаро дидан мумкин аст. Сабабгори ҳамаи ин воқеаҳо, аз ҷониби давлатҳои Ғарб кушиши  ба тариқи сунъӣ ҷорӣ кардани “демократия ва озодии ғарбӣ” дар Ироқ, Миср,Лубнон,Сурия ва Афғонистон мебошад, ки бо амалиётҳои муссалаҳона оғоз гардида, иқтисодиёт ва низоми ин давлатҳоро нобуд ва  мардуми онро бо сарсонию ғарибӣ овард.

Давлатҳои Прибалтика ва Полша  ҳамчун ҳамсоя ва  ҳамсарҳадони Беллоруссия, ба ҷои кушиши  муътадил кардани вазъият дар сарҳад, баракс дар атрофи муҳоҷирон, роҳи таблиғот ва ташвиқоти ғаразноки таъсиррасониро ба  низоми сиёсӣ ва иҷтимоии Белоруссия интихоб ва татбиқ карда истодаанд.

Аз ин рў, сарфи назар кардани чораҳои таблиғотии иғвоангези давлатҳои Ғарбро иштибоҳи ҷиддӣ бояд донистан зарур аст.

Қувваҳои моҷароҷў дар давлатҳои  Ғарб бо истифода аз сиёсати “духураи” ва  сарапарастии  ин давлатҳо,  дастовардҳои миллии кишвари  моро ҳам нодида мегиранд, бо ёрии  расонаҳои хабарӣ кушишҳои паст кардан ва коҳиш додани Истиқлолияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи кишварро доранд. Илова ба ин, хоинони миллат аз хориҷи кишвар бо воситаҳои расонаҳои хабарӣ арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, сабабу омилҳои дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоиро дар ҷумҳурии мо аз нигоҳи манфиатҳои гурўҳиву минтақавӣ арзёбӣ мекунанд, ки ба пешрафту нуфузи давлати мо  халал мерасонанд.  Дар сурати бепарвоӣ зоҳир кардан, хомўшӣ, беандешагӣ, бемасъулияти нисбати ин гуна падидаҳо,  бо  мурури вақт дар вазъияти муайян, онҳо метавонанд  боиси сусту фалаҷ гардидани нангу номус ва пайдоиши беадолативу беномусӣ гардида, рукнҳои маънавӣ-ахлоқии миллиро дар ҳалли таъҷилии муаммоҳову, фавран ва бамаврид амал кардан оҷиз гардонанд.

Дар чунин вазъият масъулият ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки воқеа ва падидаҳои муосирро  таҳлил намоем, баҳои холисона диҳем, ва дар ҳамин раванд давлати миллӣ, истиқлолият ва  дастовардҳои онро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷў эмин нигоҳ дорем.

 

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории

ДДҲБСТ

You might also like