Ташрифи роҳбари ташкилоти байналмилалии GIZ ба ДДҲБСТ

Маркази инноватсионии «Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон» дар баробари татбиқи нерӯи зеҳнии устодону донишҷӯён, ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар истеҳсолот, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, ба роҳ мондани ихтироот, фаъолияташро дар самти такмил додани барномаҳои инноватсионии соҳибкорӣ густариш мебахшад.
Дар ин раванд, дар доираи лоиҳаи байналмилалии Tajik Startups ва татбиқи амалии он барои соҳибкорони ҷавон ва стартапҳо чорабиниҳои омӯзишии давраи рушди семоҳа идома дорад. Дирӯз, роҳбари ташкилоти байналмилалии GIZ Хонум Сабина Ольтхоф бо мақсади таҳлили фаъолияти давраи рушди соҳибкорӣ ба Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф овард.
Ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода М.М. чорабиниро oғоз намуда, аз ташрифи намояндаи ширкати GIZ ва ҳамкориҳои густурда дар татбиқи барномаҳои иноватсионии соҳибкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Сипас, Хонум Сабина Ольтхоф, ки аз сифати баргузории чорабиниҳои давраи рушд ва натиҷаҳои он аз наздик шинос шуда буд, маълумот дода, ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани фаъолият дар самти мазкур чанде дастур пешниҳод кард.
Дар доираи вохӯрӣ соҳибкорони ҷавон ва стартапҳо оид ба фаъолияти худ маълумот доданд.
Директори Маркази инноватсионии «Парки технологии донишгоҳ Абдураҳмон Маҳмудов оид ба корҳои анҷомдода ҷиҳати татбиқи лоиҳаи Tajik Startups ҳисобот дод.
Зикр кардан бамаврид аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушд бахшидани нерўҳои зеҳнӣ заминаи вокеӣ мегузорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like