Иштироки устоди ДДҲБСТ дар Форуми байналхалқӣ

 

«Ислом дар олами бисёрфарҳангӣ» таҳти ин унвон дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия Форуми байналхалқӣ баргузор гардид. Дар Форуми мазкур мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботур Алимов иштирок ва баромад намуд. Форуми байналхалқӣ аз тарафи Донишгоҳи федералии Қазон, Институти муносибатҳои байналхалқӣ, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия баргузор гардидааст.

Дар Форуми байналхалқӣ масъалаҳои муҳими замони муосир аз қабили омили инсонӣ дар рушди масоили сиёсиву иҷтимоӣ, мубориза бар зидди зуҳуроти ифротгароиву тундгароӣ, танзими масоил роҷеъ ба муҳоҷират, роҳҳо ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар Форум олимони барҷастаи донишгоҳҳои давлатҳои аъзои ИДМ аз ҷумла аз Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, Донишгоҳи давлатии Новгород, Донишгоҳи Федералии Қазон, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Институти шарқшиносии Озарбойҷон, Маркази археологии академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи дуру наздик ва донишҷўён иштирок намуданд. Дар кори Форуми байналхалқӣ вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда сексияҳои алоҳида бо мавзўъҳои мушаххас ташкил гардид.

Иштирок дар ин чорабинии байналхалқӣ имконияти азхудкунии таҷрибаи донишгоҳҳои пешқадами давлатҳои пасошўравӣ ва хориҷи дурро роҷеъ ба масоили мубрам нишон медиҳад.

Устоди ДДҲБСТ Ботур Алимов дар Форум роҷеъ ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанги сулҳофарии кишвар ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб баромад кард. Инчунин дар он мавзӯҳои «Омили инсонӣ ва муаммоҳои иҷтимоӣ-сиёсии давлатҳои Шарқи Наздик ва Африқо», «Мубориза бар зидди паҳншавии ифротгароӣ ва тундгароӣ» , «Бехатарии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», «Русия – ҷаҳони ислом: роҳҳо ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ» мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like