Пирӯзиҳои навбатии донишҷӯёни ДДҲБСТ
19-20 октябри соли 2021 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа», доир гардид. Донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фарҳодҷон Ҷумъаев таҳти роҳбарии мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, н.и.и., дотсент Салимова М.М. дар номинатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андоз” иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид ва аз ҷониби роҳбарияти мақомоти андоз бо дипломи дараҷаи I ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ (ноут – бук) қадрдонӣ шуд.
Мавриди зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа”-ро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ҳавасманд намудан ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани фарҳанги андози насли наврас, донишҷӯён, шаҳрвандон ва соҳибкорон эълон намуда, он аз рӯи 2 номинатсия доир ва ҷамъбаст карда шуд.
Тибқи Низомнома, Озмун дар се давр гузаронида шуд ва дар даврҳои қаблӣ низ донишҷӯи ДДҲБСТ соҳиби ғолибият гардида буд.
Донишҷӯи дигари донишгоҳ Рамазон Давлатов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Ҷиу-ҷитсу ширкат варзида, ба гирифтани мақоми дуюм шарафёб гардид. Ин мусобиқа низ ба ифтихори 30-солаии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он варзишгарон аз аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Донишҷӯи соли дуюми факултети бизнес ва идоракунии донишгоҳ дар вазни 56 кг иштироки фаъол намуда, бо медалу Диплом ва Сипосномаи Федератсияи миллии Ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардид. Рамазон Давлатов ҷиҳати кӯмаку дастгирӣ барои иштирок дар мусобиқаҳо ба раёсати донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аз музаффариятҳои паёпайи донишҷӯён хушҳол гардида, барои бурдбориҳои навбатӣ дар озмуну олимпиада ва мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ барору комёбиҳо орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




