Саҳми ҷавонон дар пешрафти кишвар

Ҷавонон нерӯи бузурге ҳастанд, ки қодиранд ояндаи бузургу дурахшонеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таъмин кунанд. Барои ин танҳо эътимод ба ин нерӯ, роҳнамоии дурусту воқеӣ, ҳавасмандгардонии наслҳои бузургтар зарур аст. Хушбахтона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо эътимоду боварӣ ба ҷавонон аз сатҳи олӣ сарчашма мегирад. Заковату хиради азалии Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодашон ба ҷавонон, ки ин нерӯи бузурги ояндасозро баҳри иҷрои корҳои бузургтаре раҳнамун менамояд.

Имрӯз ҳар яки мо аз хурд то бузург шоҳиди он ҳастем, ки дастгирии давлатии ҷавонон дар дараҷаи олӣ қарор дорад. Фароҳам овардани шароити арзандаву имкониятҳои фаровон барои аз бар намудани тамоми илмҳои замонавӣ, таҳсил дар донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон ва мувофиқ ба тахассусу маҳорати касбӣ таъин намудани ҷавонон ба вазифаҳои пурмасъули давлатӣ гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат ба қобилияту нерӯи ҷавонони мамлакат эътимоди комил доранд. Ин аст, ки имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаётнақши барҷастаи ҷавонон равшан ба назар мерасад.

Боиси хушнудиист, ки тавассути дастгириҳои бевоситаи давлатӣ ин мақом ин нақш дар арсаи байналмилалӣ низ эҳсос мегардад. Ширкати фаъолона ва сазовори медалу ҷойҳои намоёну ифтихорӣ гардидани варзишгарон, ғолиби озмун ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ гардидани толибилмони тоҷик муаррифӣ ва афзуннамоии эътибору нуфузи Тоҷикистони азиз аст.

Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунанд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоянд ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тарақиёти кишварамон саҳми арзишманде мегузоранд.

Инчунин,  онҳо дар замони соҳибистиқлоли дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот, балки бо заҳмати созанда, ташаббусҳои ободгарона ва кӯшишу талошҳои пайвастаашон мақоми хешро баланд бардошта, дар радифи беҳтарин бунёдкорони Ватани азиз қарор доранд.

Ҳамзамон, таъкид кардаанд, ки Ҳукумати кишвар ба нерӯи тавонои ҷавонон эътимод дорад. Пешниҳоду ибтикороти онҳоро дастгири менамояд ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.

Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамояд, ки солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Гузашта аз ин Пешвои миллат дар паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба вазифаҳои инсонӣ – нерӯи зеҳнии инсон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, такмилу ташаккули онро яке аз вазифаҳои муҳим донистанд.

Ҷавонон бояд ҳамеша барои иҷрои вазифаҳои мушаххаси дар наздашон гузошташуда омода бошанд, зере ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъди ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавононро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кушишу талош намоянд.

Таъкидан изҳор медорем, ки пайгирии ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат, дастгирии фаъолияти пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолона дар онҳо, ки нишони барҷастаи таваҷҷуҳи хос ва талош баҳри муаррифии дастовардҳои бе назири Тоҷикистони соҳибистиқлол, руҳбаланд намудани ҷавонони муваффақ, кӯшишҳои беандоза баҳри рушди варзишу сайёҳӣ, роҳнамоии ҷавонони соҳибзавқу эҷодкор мебошад, вазифаи ҳар яки мо ҷавонони хушиқболи даврони Истиқлол мебошад

Ашуров С. Х. – декани факултети Бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like