ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Маҳз бо ҳамин асос Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкамии истиқлолияти давлатӣ саҳми худро гузоштанд. Ин шахси бузург моҳи ноябри соли 1992 ҳамчун Раиси Шўрои Олӣ ва баъдан бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Зеро ки заминаи асосии ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ бо тарафҳои мухолифин маҳз хизмати шоистаи мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрўзҳо ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ, ки Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ муайян мекунад – яке аз самтҳои нав ва дар таҷриба тадқиқнагардидаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба ҳисоб меравад. Зеро 2-юми марти соли 1992 Тоҷикистон узви ташкилоти бонуфузи байналхалқие чун Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аз ҳамин лаҳза оғоз карда барои Тоҷикистон марҳилаи нави рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва ҳамчунин ҳифзи онҳо шурўъ шуд. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви СММ, бо муассисаҳои махсуси СММ муваффақона ҳамкорӣ мекунад. Таҷриба ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр соҳаҳо, алалхусус дар ҳалли низоъҳои дохилимиллӣ аз ҷониби СММ ҳамчун раҳнамои амалиёт тавсия шудааст. Дар баробари эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат, инчунин эҳтиром ва риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун аз тарафи шаҳрвандони мамлакат, масъулияти онҳо дар назди давлат ва ҷамъият яке аз нишонаҳои зарурӣ ва тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад.

Дар Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми сентябри соли 2011 таъкид гашт, ки дар зарфи бист соли истиқлолият мардуми Тоҷикистон «роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро» пеш гирифт, бори нахуст «аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбӣ иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд», фаъолияти «мақомоти олии қонунгузор ва иҷроия таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуданд», ҳамчунин «асосҳои сохтори конститусионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар» муқаррар гардид.

Конститутсия – Қонуни асосии давлати Тоҷикистон аст, ки дар он таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроияи ва судӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ифодаи қонунӣ ёфтааст. Таҷрибаи амалӣ гаштани ин меъёрҳои конститутсионӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ заминаи ташкилу фаъолияти мўътадили ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои пешрафти давлати Тоҷикистонро муайян мекунад. Ҳама гуна Конститутсия барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо қабул карда мешавад. Қонститутсия бо як марҳилаи нави таърихии инкишофи ҷомеа ва давлат алоқаманд буда, ба таъсиси давлат шаклан асос мегузорад. Аз санаи қабули Конститутсия таърихи нави инкишофи ҷомеа оғоз мегардид. Дар Конститутсия ҳадафҳо ва самтҳои пешрафти ҷомеа ва давлат барои даҳсолаҳо пешбинӣ мешаванд. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ оғоз гардида самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа муайян карда шуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Бо ин мақсад ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти доираҳои васеи аҳолӣ, намояндагони гурўҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла собиқ мухолифин ба инобат гирифта шуданд. Дар он кулли талаботи ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар бахши ризоияти миллӣ ифодаи худро ёфтанд. Аз ин нуқтаи назар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид. Чунин таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон ҳоло чун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст. Барои пурра аз байн бурдани ҷанги шаҳрвандӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи тарафҳои мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи истиқрори сулҳро ба имзо расониданд. Ин созишнома дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 27-уми июни соли 1997  имзо карда шуд, ки он натиҷаи асосии пурра аз байн бурдани низоъҳои дохилӣ ва поягузории ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Талошу заҳматҳои он кас барои зиндагии шоистаи мардум, инкишофи қонунгузорӣ, ба кор даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва соҳаи энергетика ибрози ақида намуданд. Ба мақоми Пешвои миллат лоиқ донистани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардуми кишвар ва қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” нишонаи эҳтиром ва қадршиносии хизматҳои арзандаи ин шахсияти бузурги таърихӣ мебошад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

Инчунин ташаккул додан ва истифодаи босамари нерўи инсонӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас дар рўҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ниҳоят, дастёбӣ ба сатҳу сифати шоистаи зиндагӣ барои сокинон аз қабили масъалаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки ҷиҳати иҷрои онҳо бояд тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа якҷоя ва аҳлона азму талош намоянд. Мо-ҷавонон, ки дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ ба воя расида таълиму тарбия гирифтаем, бояд барои пешрафти илм, ҷомеаву давлат, таҳкими соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии халқи Тоҷикистон, ҳамчунин барои рушди қонунгузории мамлакатамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Воситов Ҳ.А.дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

 

You might also like