Форуми V байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон, ки намояндаи расмии Агентии аккредитатсия ва рейтинги Аврупо мебошад, бо муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои Осиёи Миёна ҳамкории самарабахш дорад.
Ба ифтихори даҳумин солгарди фаъолияти Агентии мазкур дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми V байналмилалии Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Таъмини сифати таҳсилоти олӣ: ҷанбаъҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ” баргузор гардид. Дар кори Форум намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии кишварҳои Руссия, Белорусия, Казоқистон, Украина, Гретсия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Молдовия, Ӯзбекистон, Болгария, Озербойҷон ва Ҳиндустон ширкат варзиданд. Дар кори Форум Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович намояндагӣ кард.
Директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон Алина Жумагулова перомуни фаъолияти Агентии мазкур ва нақшаҳои минбаъдаи тарҳрезишуда маърӯза намуд.
Профессор Даврон Дадоҷонич сараввал номаи шодбошии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бахшида ба солгарди Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон ироа кард. Сипас, доир ба марҳилаҳо ва таҷрибаи аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Точикистон маърӯза намуд. Зикр дошт, ки таҷрибаи аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳо ва барномаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳ, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг саҳми муассир дорад, ба сифати таҳсилот ва низоми фаъолияти мактаби олӣ таъсири мусбӣ расонида, барои ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Ин ҷараён яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони соҳибтахассуси ба бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, Даврон Бобоҷонов роҷеъ ба тартиби баҳогузории рейтингии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Мавсуф, дар асоси стандардартҳои байналмилалии таҳсилоти олӣ ба роҳ мондани фаъолият ва аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омили муҳим дар роҳи фаъолияти самарбахш ва баланд бардоштани рейтинги донишгоҳҳо арзёбӣ намуд.
Дар ҷамъбасти Форуми байналмилалӣ профессор Бобоҷонов Д.Д. барои фаъолияти пурсамар дар Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ба ҳайси коршиноси байналмилалӣ бо Шаҳодатнома сарфароз гардид.