Натиҷагирӣ аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва қадршиносии кормандону устодони донишгоҳ

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни муҳиму муқаддас, 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон чорабинии адабиву фарҳангӣ доир гардид. Зикр шуд, ки  сӣ соли соҳибистиқлолӣ давраи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ,  ҳадафҳои стратегӣ ва омили иттиҳоду сарҷамъӣ маҳсуб меёбад.  Бо ин шарофат зиндагии шоиста ва ояндаи неку осоишта насибамон гардид, ки ин падида шоистаи арҷгузорист, қайд намуд ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода дар оғози чорабинӣ. Илова шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва  заҳмати садоқатмандонаи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандону донишҷӯён донишгоҳ ба таъмини дурнамои устувор ва муназзами пешрафту инкишоф муваффақ гардид.

Таъкид гардид, ки зери таассуроти наҷибу босаодат аз дастовардҳои беназири сӣ соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ азму талоши созандаамон ба паёмадҳои боз ҳам беҳтарин роҳ хоҳад кушод. Бо ин ниятҳои нек имрўзҳо низ дар доираи тадбирҳои  Ҳукумати мамлакат барои тарбияи мутахассисони ояндасоз,  ба роҳ мондани пажўҳишоти бунёдӣ, ба ниёзҳои даврони муосир баробар намудани тафаккури техникию технологии ҷавонон ва  барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат заҳмат мекашем.

Сипас, як зумра кормандону устодон, барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи таълиму тарбия, фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, инчунин ғолибони озмунҳои донишгоҳиву мусобиқаҳои варзишӣ бо Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравиву маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Барномаи фарҳангии дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ ва ватандӯстӣ буд, ба чорабинии идона ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like