Ғолибияти донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи байналмилалӣ
Донишҷӯи соли сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди вазнбардории сеҳарба иштирок намуда, ба гирифтани мақоми аввал шарафёб гардид. Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Екетеренбурги Федератсияи Русия доир гардида, дар он варзишгарони беш аз 20 кишвари дунё ширкат варзиданд. Донишҷӯи ДДҲБСТ дар ин риштаи варзиш маҳорати баланд нишон дода, сазовори ғолиби мусобиқа гардид ва бо медалу диплом қадршиносӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Абдумалик Абдуллоев соли 2015 дар чемпионати Авруосиё, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардида буд, мақоми аввалро ишғол кард.
Донишҷӯи ДДҲБСТ чор маротиба чемпиони ҷаҳон буда, устоди варзиши Тоҷикистон ва номзад ба устоди варзиши Федератсияи Русия мебошад.
Боиси хушнудист, ки тайи солҳои охир миқдори донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат намуда, соҳиби ғолибият мегарданд, зиёд шуда истодаанд, ки гувоҳӣ аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаии раёсати донишгоҳ мебошад.
Раёсати донишгоҳ Абдумалик Абдуллоевро бо пирӯзӣ шодбош намуда, барои фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





