Номаи табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати Рўзи омўзгорон

 Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат таваҷҷўҳи махсус зоҳир мегардад.  Ҳамасола дар сатҳи шоиста таҷлили  Рўзи омўзгорон ифодагари сиёсати маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони  зиндагии пурсаодат  ба ҳисоб меравад.

Ин ҷашн иди онҳоест, ки тамоми талошҳои пайгиронаашонро ба кори наҷибу пуршараф – тарбияи наслҳои ояндасози халқу миллат  бахшида, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаанд.  Сарвари давлат ба рисолати омӯзгор – афрӯзандаи чароғи илму ирфон баҳои  баланд дода, таъкид намудаанд: «Маҳз омўзгор ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа буда, қодир аст, ки насли ҷавонро дар рўҳияи ватандўстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамчун ояндаи давлату миллат ба камол расонад». Ин баҳои баланди Пешвои миллат ба фаъолияти вусъатбори Шумо – устодону кормандони  донишгоҳ иртиботи қавӣ дорад. Шумо аз зумраи шахсоне ҳастед, ки машъали фурўзони илму маърифатро боло афрохта, шогирдонро дар ҷодаҳои некиву ростӣ ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоед.  Чашмаҳои илму ирфонро ҷорӣ дошта, дар байни ҷомеа донаи маърифат мекоред ва рисолати пуршарафи хешро ба тарбияи насли созандаю нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар равона менамоед. Сазовори эҳтироми самимӣ ва ифтихору сарбаланди ҷомеа гардидани омўзгор ин самараи заҳмати рўзафзун, ҳисси баланди масъулият дар назди ҷомеа ва ниҳоят шарафи баланди инсонии ўст. 

Як зумра дастовардҳоеро, ки тайи солҳои охир ҷомеаи маъвои маърифатамон ба онҳо соҳиб гардид, метавон самараи ҷидду ҷаҳди устодони кори таълиму тарбия арзёбӣ кард. Натиҷаи заҳмати садоқатмандонаи  омўзгорони маъвои хирадамон буд, ки дар тўли мавҷудияташ ин боргоҳи саодати маънавӣ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳаи маориф ва илми  кишвар табдил ёфта, имрўз бо умеди тоза ҷониби оянда қадамҳои боэътимод мегузорад.

Дар арафаи  ҷашни мубораки омўзгорон барои меҳнати бобаракат ва  софдилонаатон дар татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф сипосгузории раёсат ва ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳро изҳор менамоям.

Итминони комил дорам, ки зери таассуроти наҷибу босаодат аз дастовардҳои беназири сӣ соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ азму талоши созандаатон ба паёмадҳои боз ҳам беҳтарин роҳ хоҳад кушод. Бо ин ниятҳои нек имрўзҳо низ дар доираи тадбирҳои  Ҳукумати мамлакат барои тарбияи мутахассисони ояндасоз,  ба роҳ мондани пажўҳишоти бунёдӣ, ба ниёзҳои даврони муосир баробар намудани тафаккури техникию технологии ҷавонон ва  барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заҳмат мекашем.

Бо фаро расидани иди касбӣ, яъне Рўзи омўзгорон Шумо – устодону профессорон ва кормандони донишгоҳ, дар шахси Шумо тамоми тарбиятгарони насли наврасро сидқан табрику муборакбод гуфта, бароятон дар иҷрои рисолати наҷиб – тарбияи наслҳои созандаю бунёдкор равнақу барорҳо таманно менамоям.

Ҷашн муборак, устодони гиромӣ!

 

You might also like