ДДҲБСТ: «Рушду такомули забони давлатӣ дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

01 октябри соли 2021 ба ифтихори Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Рушду такомули забони давлатӣ дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори конференсия олимону мутахассисони соҳа ва устодони донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Дар оғози ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Тӯрақул Ризоқулов меҳмононро шодбош намуда, иброз кард, ки масоили забону фарҳанг ҷузъи ҷудонопазир ва рукни муҳими сиёсати  давлатӣ ба ҳисоб рафта,   ба хотири рушду такомул бахшидани  арзишҳои моддию маънавӣ ва гиромидошти рукнҳои муҳими давлатдорӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо амалӣ шудани сиёсати миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи танзим ва ба тартиб даровардани забони  адабии тоҷикӣ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани чандин   санадҳои муҳими давлатӣ, муқаррар шудани Рўзи забони давлатӣ ва  ба феҳрасти ҷашнҳои умумимиллӣ ворид гардидани он ба  аҳли ҷомеа бори дигар истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани онро таъкид мекунад. Ин иқдомҳои шоиста  дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ва ояндаи пурсаодати он пойдор ва ҷовидон монда, ифодагари сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишони садоқату арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ мешавад, илова намуд ӯ.

Дар идомаи кори конференсия як зумра олимони соҳавӣ – мудири кафедраи забони тоҷикии МТД ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода дар мавзӯи “Таълифоти қоидаҳои нави имло-тақозои замон”,  дотсенти кафедраи   забони тоҷикии МТД ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Мӯсо Олимҷонов бо номи “Қонуни забони давлатӣ ва рушди забон дар Тоҷикистон” ва профессори кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Туғрал Шокиров дар мавзӯи ““Донишномаи”-и электронӣ ва вижагиҳои лингвистии он” маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.

Қайд карда шуд, ки имрўз, забони тоҷикӣ  ба ҳайси баёнгари ҳастии дирўз, имрўзу фардои мо, бузургтарин василаи фарҳангу тамаддунофаринӣ, баёнгари ҷаҳони маънавӣ ва пайвандгари миллатҳо рисолати хешро иҷро менамояд. Дар сиёсати забонгустарии Пешвои миллат омўхтани забони давлатӣ омили  муҳими устувории давлат, сулҳу осоиштагӣ, пешравии истеҳсолот ва ташкили  зиндагии шоста маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, насли имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят менамояд.

Дар интиҳо муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров зикр дошт, ки ҳар нафаре, ки имрўз дар ин маҳфили  илмӣ ҳузур доранд, махсусан донишҷўён, аз маърўзаҳои илмии устодон баҳраҳои зиёд мебардоранд ва боварӣ дорам, ки ҳамеша ҳикмати бузурги аҷдодонро  дар мавриди пос доштани арзишҳои олии миллӣ дар раванди таҳсилу илмомўзӣ ва умуман дар зиндагии худ ҳамеша мавриди амал қарор медиҳанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like