Тақдими 84 адад китоби дарсӣ барои донишҷўёни донишгоҳ
Рушди муносибатҳои дўстона ва мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Дар ин замина густариши робитаҳои ДДҲБСТ бо макотиби олии Чин ва Маркази Конфутсий яке аз падидаҳои муҳим дар равобити ҳар ду кишвар арзёбӣ мегардад.
Далели ин гуфтаҳост, ки дирўз ба донишгоҳ директори Донишкадаи Конфутсияи Донишгоҳи кўҳию металлургии Тоҷикистон Жен Гентян ташриф оварда, бо устодону донишҷўён мулоқот намуд.
Сараввал мулоқоти декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Акмалова М.А. бо директори Донишкадаи Конфутсия Жен Гентян суръат гирифт. Декани факултет меҳмононро аз номи ректори донишгоҳ профессор, Шарифзода М.М. хайрамақдам гуфта, ёдовар шуд, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Маркази Конфутсий, корхонаҳои ва дигар донишгоҳҳои Хитой густариш меёбад. Дар навбати худ Жен Гентян иттилоъ дод, ки барои тақвияти баъзаи илмию техникӣ ва бо китобҳои таълимӣ таъмин намудани донишгоҳҳое, ки гурўҳҳои хитоӣ фаъолият мекунанд, аз ҳадафҳои асосии Донишкадаи Конфутсия ба ҳисоб меравад.
Баъди мулоқоти самимӣ Жен Гентян ба донишҷўёни ҳамаи курсҳои ихтисоси таъминоти забони робитаҳои байнифарҳангӣ, ки бештар забони хитоиро меомўзанд, 84 адад китобҳои дарсии зинаҳои гуногуни забони хитоиро тақдим намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки китобҳои мазкур аз се қисмат иборат буда, имконияти хондан, навиштан ва тариқи савтӣ омўхтани забонро доро мебошад, ки аз тарафи яке аз машҳуртарин донишгоҳи Хитой – Донишгоҳи забон ва фарҳанги шаҳри Пекин ба табъ расидааст.
Иқдоми мазкур аз ҷониби раёсат донишгоҳ гарму самимӣ пазируфта шуд. Декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, миннатдории ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода М.М.- ро ба директори Донишкадаи Конфутсия Жен Гентян барои тақдими китобҳо ва ҳамкориҳои пурсамар иброз намуданд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки равобити судманди ДДҲБСТ ва Донишкадаи Конфутсия минбаъд низ мустаҳкам гардида, ҷонибҳо силсилаи тадбирҳои муфидро роҳандозӣ менамоянд.
Шуъбаи таҳлил вар обита бо ҷомеа

