Модели байналмилалии СҲШ – имконият барои худшиносии донишҷӯён
29 сентябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгороди ба номи Н.А.Добролюбов Модели байналмилалии СҲШ – бозии интерактивии таълимӣ барои донишҷӯён гузаронида шуд, ки кори мақомоти Созмони ҳамкории Шанхайро талқин мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки Модели СҲШ аввалин озмоиш дар баргузории чунин чорабиниҳо тариқи формати онлайнӣ аст, ки барои худшиносии донишҷӯён имкониятҳои нав фароҳам меорад ва ба ташаккули платформаи махсуси ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.
Дар чаҳорчӯбаи Модели СҲШ коршиносони даъватшуда – роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иванов И.С., муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Раджабова Ш.М., муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилбеков А.Е., муовини сардори Раёсати омӯзиши проблемаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидоятзода К., директори эҷодии Платформаи ҷавонон барои кишварҳо SCOLAR Network Жолобова А. оид ба фаъолияти СҲШ ва хусусиятҳои гузаронидани чунин бозиҳои моделиронӣ баромад намуданд.
Бо дарназардошти аҳамият ва мавқеи донишҷӯ, ҳамзамон фаъолияти илмии донишҷӯӣ дар рушди минбаъдаи ҷомеа ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ДДҲБСТ кӯшиш мекунад, ки барои худшиносии ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам орад. Умед дорем, ки модели байналмилалии СҲШ дар ин соҳа саҳми назаррас мегузорад ва боз як қадами муҳим дар роҳи рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳии донишҷӯён на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми фазои СҲШ мегардад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа