Бетарафӣ ба қазияи Афғонистон ин бешарафист!
Дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид, ки дар кори он кишварҳои аъзои ин созмон иштирок намуданд ва яке аз масъалаҳои мубрам дар ин ҳамоиш вазъи кунунии буд.
Бояд қайд намуд, ки вазъи имрўзаи кишвари ҳамсоя ба эътидол наомадааст ва дар вилоятҳои ҷудогонаи ин кишвар ҷангҳои шиддатнок рафта истодааст. Ба мо маълум аст, ки дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон тўли зиёда аз чил сол оташи ҷанг хомўш нагардидааст. Аммо гуфтушунидҳои чандинсолаи Ҳукумати Афғонистон бо сарони Толибон ягон натиҷаи мусбӣ надодааст. Бояд қайд намуд, ки дар яке аз баромадҳояш собиқ Раиси Ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ қайд карда буд, ки масъалаи Афғонистон дар мўҳлати шаш моҳи оянда бояд ҳаллу фасл гардад.
Вале аз чӣ бошад, ки тахминан баъди ду моҳи ин гуфтаҳо толибон ба пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул бе ягон ҷангу хунрезӣ ворид гаштанд ва як рўз пештар аз ин Раисҷумҳури Афғонистон ба хориҷи кишвар фирор намуд. Ин ҳолат шахсро ба андеша мебарад, зеро дар бадали зиёда аз чил сол толибон бо ҷангу хунрезиҳо ба ин мувафақ нагашта буд, вале имрўз озодона ба пойтати Афғонистон шаҳри Кобул ворид гардид.
Нисбати мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои имрўзаи кишвари Афғонистон бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетараф намебошад. Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ чандин маротиба таъкид намуда буданд, ки дар Афғонистон ҳукумате таъсис гардад, ки манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеаи Афғонистонро фаро гирифта бошад, яъне бояд ҳукумати фарогир бошад.
Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ роҳбари кишвари Покистон баромад намуда, мавқеи кишварашро нисбати қазияи Афғонистон муайян сохт.
Як нуктаро бояд қайд намоям, ки имрўз тақдири Ҷумҳурии Афғонистон ва мардуми азияткашидаи он ба дасти гурўҳе афтодааст, ки таърихи пайдоиши ин гурўҳ ба ҳамагон маълум мебошад.
Казияи Ҷумҳурии Афғонистондар сурате ҳалли худро хоҳад ёфт,ки агар дар ин кишвар фикру андешаҳои тамоми мардуми он ба инобат гирифта шавад ва Ҳукумати нави фарогир таъсис дода шавад.
Мирзоев А.Н. – муаллими калони
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ