Вазъияти имрӯзаи Афғонистон ягон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе тараф гузошта наметавонад

Имрӯзҳо вазъияти имрӯзаи Афғонистон ягон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе тараф гузошта наметавонад, зеро ҳамчун ҳамсояи наздик ба давлати мо тасири худро мерасонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон дар Душанбе ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли қазияи Панҷшеру Афғонистон якҷоя кор кунанд. Дар ин замина ҷониби  Душанбе  барои ҳалли масъалаи Афғонистон фазои муносиб муҳайё намуда, имконият фароҳам меорад, ки масъалаи доғи рӯз дар фурсатҳои камтарин ҳалл гардад. Мавқеи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат оиди масъалаи Афғонистон аз рӯи принсипи адолату бародарӣ ва эҳтиром гузоштан ба манфиати ҷонибҳо гузошта шудааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз аввалинҳо оиди масъалаи доғи Афғонистон аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳоинро аз хатари сар задани низои ҷадиди дохилӣ дар Афғонистон ҳушдор дода буданд, аммо ягон давлат ё ташкилотҳои байналмиллалӣ ба он аҳамияте надоданд, ки имрӯз метавонист онро бартараф намоянд.

Аз мавқеи расмии Тоҷикистон гурӯҳҳои мухолифин ба мисоли ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва Кабириву кабирипарастҳо ғаш мекунанд ва дар сомонаҳои иғвоангезӣ наҳзатии худ ҳаргуна хабарҳои бадномкунанда оиди мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи Толибону Панҷшер паҳн менамоянд, зеро он дурӯғи маҳз аст. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалинҳо шуда барои муҳоҷирони иҷбории афғон ҷойи зисти муваққати муҳайё намуд ва то ҳол беш аз 80 оила дар онҷо сокин гаштаанд. Душманони ашадии миллати мо ба монанди Кабирӣ мехоҳад ранги Толибон дар Тоҷикистон ба сари қудрат ояд ва давлати ороми моро мисли Авғонистон ноором кунад, аммо дар хобаш ҳам инро намебинад.

Абдуллев М.М. – муаллими калони

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like