Изҳороти устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи тавофуқоти Тоҷикистон ва Покистон дар ҳалли масъалаи Панҷшер ба тоҷикони Афғонистон шӯълаи умед бахшид
Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар оиди ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад, пурра дасгирӣ менамоем Ин изҳороти Сарвари давлати Тоҷикистон даррасонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозии амиқ пайдо намуда, муваффақияти ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масоили Панҷшер ва тоҷикони Афғонистон арзёбӣ гардид.
Мо устодон тарафдори суханони муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа мебошем, ки он кас менависанд: «Сано ба Пешвои муаззами мо барои сарбаландона ҳимоя намудани манфиатҳои миллиамон дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ, бахусус, барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи мазлумияти тоҷикони Афғонистон!»
Хулоса, мо кайд менамоем, ки муваффаҳияти Тоикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун тарафдори манфиатҳои тоҷикони Афғонистон пазируфта шудааст. Хоҳиши он дорем, ки хар чи зудтар дар Афғонистон сулҳ баргузор гардад!
Аҳли устодони кафедраи
назарияи иқтисодии ДДҲБСТ