Ҳифзи марзу бум, оромӣ дар давлат аст!
Хабарҳои рӯзҳои охир хабари сар задани ҷанг байни Толибон ва мардуми тоҷиктабори Панҷшер боиси хатарҳо ба давлати мо мебошад, шунида хеле нороҳат гаштам.
Масъалаи марзӣ дар ҳама давру замон яке аз масоили ҳассоси миллӣ ба шумор рафта, ҷиҳати ҳалли одилонаи он барои ҷонибҳо пеш аз ҳама таҳамулпазирӣ ва шинохти манфиатҳои тарафайну эҳтиром гузоштан ба ҳамдигар муҳим мебошад. Нодида гирифтани манфиатҳои тарафайну якҷониба муносибат кардан ба масъалаи марзӣ метавонад фоҷеаи бузургеро ба вуҷуд орад.
Мо итминони комил дорем, ки ақли солим боло мегираду Толибон ба сулҳу субот бо дигар қавмҳои давлати авғон розӣ шуда давлати ҳуқуқбунёд ва дунявиро барпо мекунанд.
Рӯзе расад ки афғон Хуросон шавад, толиб ба гӯристон шавад, Покистон пушаймон шавад, тоҷик шӯҳрати ҷаҳон шавад, олам гулистон шавад
Изҳороти Дадоматов Д.Н. – н.и.и., дотсент,
мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтери ДДҲБСТ