ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Масъалаи инсон ва худшиносии ӯ ҳамеша дар маркази баҳсу талошҳои фалсафа қарор дошт. Ҳоло дар замони атиқа файласуфи юнонӣ Суқрот ибораи “Худро бишнос” – ро шиори ҷаҳонбинии фалсафаи худ қарор дода буд. Ривояти дигаре ҳаст, ки файласуфи дигари Юнонӣ Диоген дар кӯчаҳои офтобрӯяи Афина бо лампачароғ мегаштааст. Вақте  ки аз ӯ мепурсанд, ки чиро меҷӯяд, ҷавоб мегуфтааст: “Инсонро меҷӯям!”. Ин ривоятҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз умқи таърих то кунун барои инсон шавқовартарин мавзӯи маърифат, шинохти худии худ будааст.

Аз он замон ҳазорсолаҳо сипарӣ гаштанд. Ҳастие, ки дар он инсон зиндагӣ дорад, куллан тағйир ёфт, сарҳадҳои маърифати инсон васеъ гашта, ядрои атом таҷзия гашт, кайҳон фатҳ шуд, технологияҳои муосири компутерӣ бунёд шуд, аммо дар ибтидои асри ХХI донишҳои инсон нисбати шинохти худии худ то ба ҳол маҳдуд мемонанд. Аз ин боис гуфтори ниёгон дар бораи он, ки “Муаммои муаммоҳо барои инсон маърифати худи инсон аст”, ҳикмати аслии хешро гум накардааст.   Баррасӣ ва муайян намудани нақш ва рисолати инсон дар ҷомеа, хусусан дар шароити суратафзо гаштани инкишофи технологияҳои ҷадиди телекоммуникатсионӣ, ки ҳудудҳои муоширати одамонро васеъ мегардонад, хеле зарур аст. Зеро баробари ба фазои фарҳангии ҷомеа ворид гаштани арзишҳои мусбӣ, ҳамчунин падидаҳои номатлуби иҷтимоиву сиёсӣ, ба монанди ҷабру зулм (терроризм), бунёдгароӣ (фундаментализм), исломгароӣ (исломи сиёсӣ) ворид мегарданд, онҳо на фақат ба пояҳои давлатдории миллии тоҷикон хавф меоранд, балки ахлоқи ҷомеаро коста менамоянд. Тавассути воситаҳои ахбори умум суханпардозӣ намудани намояндагони гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои тундгаро ва иғвоангез ба мисли “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркманистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир” “Ҷамоати таблиғ”, ТЭТҲНИ, Гурӯҳи 24 ва ғайраҳо ин кӯшишест, ки ҷомеаро аз ҳолати мувозинатӣ бароварда, ба алангаи низоъҳои иҷтимоӣ бикашанд. Равандҳои сиёсие, ки зери таъсири мафкураи ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайдо шуда истодаанд аз ҳар як шаҳрванд тақозо менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз арзишҳои бои таъриху фарҳанги хеш бохабар бошад ва онро ҳифз карда тавонад, зеро зудуда гаштани хотираи таърихӣ, маҳдудияти шуури таърихӣ ва ҳифз карда натавонистани боигарии иҷтимоию фарҳангии ниёгон масъулияти инсонро дар назди миллату ватан коста гардонида, пояҳои давлат ва истиқлолиятро заиф мегардонад. Ва ҳақ бар ҷониби муаллифи мақолаи қазоватшаванла аст, ки дар чунин вазъият ташаккули худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст.

Барои чӣ давлатҳои абарқудрат ба мисли ИМА, Канада ва дигарон бар зидди “Ал-қоида”, “Бародарони ислом”,  Давлати исломӣ” дар Сурия мубориза мебараду, нисбати фаъолияти иғвогаронаи “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркманистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир” “Ҷамоати таблиғ”, ТЭТҲНИ, Гурӯҳи 24 дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бефарқ ҳастанд? Ба фикри мо ин зуҳури моҳияти сиёсати худхоҳонаи абарқудратоҳост, ки мехоҳанд бо дасти ин гурӯҳҳои иҷтимоию сиёсӣ ҷомеаи моро ноором гардонанд ва ҷараёни худшиносиву худогоҳии миллати моро халалдор гардонанд. Ба ақидаи мо ин масъалаи хеле ҷиддист, зеро на ҳар як шаҳрванди оддӣ ба моҳияти ин масъалаҳо сарфаҳм меравад. Бо сад афсӯс бояд зикр намуд, ки маҳдудияти ҷаҳонбинӣ, донишҳои сиёсӣ ва таҷрибаи нокифояи зист дар ҷомеаи демократию ҳуқуқбкнёд на ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, хусусан ба ҷавонон имконияти интихоби дурусти мавқеи сиёсиро медиҳад. Аксар вақт онҳо фирефтаи суханпардозиҳо, ваъдаҳои бардурӯғ, ба ном “ҷиҳод барои тозагии ислом” мегарданд. Аз ин рӯ, тавре дар мақола таъкид мегардад дар ин ҷо назди ниҳодҳои иҷтимоӣ, қабл аз ҳама дар назди мактабу маориф, низоми таҳсилоти олии касбӣ вазифаҳои басо муҳими умумиллӣ дошта меистад. Дар ин росто муаллиф дуруст таъкид менамояд, ки ҳолати воқеии мактаб, маориф, фарҳанг, раванди шаклгирии маданияти сиёсӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва динӣ, система, структура ва зарфияти функсионалии онҳо тавъам бо омилҳои муассири минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз- заминаи ниҳоят муҳим барои хулосабарорӣ оид ба вазъи сиёсӣ дар ояндаи наздик ва дур маҳсуб мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки масъалаҳои зикргарданда тарҳрезии ҷаҳонбинӣ ва бунёди шуури ояндабинии муосир муҳим ва ҳалкунанда мебошанд. Аммо ангезаҳоии ташаккули чунин ҷаҳонбиниҳо танҳо марбут ва маҳдуд ба як давлат шуда наметавонад. Агар дар дунё субъектҳои сиёсие бошанд, ки масъулияти бунёди ҷаҳонбинии муносибро дар доираи танҳо ҷуғрофияи муайян пурра ба ӯҳда бигиранд, яқин аст, ки онҳо ҳақиқати воқеиро сарфи назар мекунанд. Масалан, бархеаз абарқудратҳо гумон доштанд, ки паҳн гаштани андешаҳои мафкураи ифротгарои ва террористӣфақат ба кишварҳои исломӣ таҳдид мекунанд. Вале таҷрибаи муосир собит намуд, ки ин равндҳои сиёсию ифортгарои ҳамчунин ба ҳаёти осоиштаи Амрикою Аврупо низ таҳдид менамояд.

Эрих Фромм ба саволи «Инсон кист?» ҷавоб гуфта пеш аз ҳаматаъкидменамояд, ки инсон чизнест, балки мавҷудоти зиндаест, ки доимо дар рушду камолот аст. Ҳаёти ӯҷараёнест, ки зери таъсири омилҳои гуногун қарор дорад. Инсон дорои ақл мебошад, ки тавассути он ӯ ҳақиқатро маърифат менамояд. Баробари ин, мутафаккир таъкид менамояд, ки ашхоси алоҳида ва ҳатто миллатҳои том баъзан бидуни ақл рафтор менамоянд. Бисёр миллату халқҳо аз сабаби озод шуда натавонистан аз рафтори бетаҳаммулонаи хеш ба нестӣ рафтанд. Фромм майлу рағбати инсонро дар заминаи арзишҳои ҷомеаи пасосаноати тавсиф намуда, таъкид менамояд, киҳар як инсон имконияти интихоби арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, равонӣ ва ғайраро дорост. Вақте ки шахс дар интихоби арзишҳо ҳаммаслаки шахси дигар бошад, то кадом андоза ӯ метавонад муайян намояд, ки арзишҳои ба ӯ пешкаш шаванда арзишҳои шоиста мебошанд. Чи тавр муайян намудан мумкин аст, ки роҳе, ки ӯ интихоб намуда истодааст роҳи дуруст аст ва ӯро ба мақсуд мерасонад. Оё хавфи зери таъсири шароитҳои муайян аз роҳи интихобшуда, бероҳа шудан вуҷуд дорад? Ва умуман оё нуқтае вуҷуд дорад, ки онро қуллаи охирини рушду такомули инсон номид ва ӯ дигар тағйир намеёбад. Ба андешаи мо чунин нуқта вуҷуд надорад, зеро ташаккули шахсияти инсон аз батни модар то ба лаҳзаи марг идома дорад. Ҷаҳонбинии ӯ бошад зери таъсири омилҳои муайяни сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳанги ҳамеша дар ҳолати тағйирёбист. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки дар замони муосири мутағайир ҳар як узви ҷомеа дар интихоби арзишҳо, азҷумла арзишҳои сиёсӣ бояд бошуурона амал намояд. Аммо қувваҳои ифротгаро дар баланд бардоштани шуурнокии мардум, моҳиятфаҳмии онҳо манфиатдор нестанд. Онҳо одамонро аз роҳи илму фарҳанг ба сӯи ҷаҳолату торикӣ тела медиҳанд.Чунин ҳолат аз манфиатҳои ғаразноки онҳо бармеояд, зеро гумроҳи ва ғофилии мардуми оддӣ – иҷрокунандагони амалҳои террористӣ, тавре муаллиф зикр намудааст,маҳз дар он аст, ки то ҳол ҷамъият аз ӯҳдаи фаҳмонидани хусусияти инструментали доштани истифодаи онҳо дар баробари мақсадҳои ғаразноки “моҳиятсозон” набаромадааст.

Дар ин росто ду масъалаи ба ҳам вобастаи муҳим, яъне ташаккули шуури ояндабинӣ (пешгӯи) ва масъалаи алтернативаҳо ба миён меояд. Ояндабинӣ чист? Кадом заминаҳои иҷтимоиву фарҳанги ҳудудҳои имконияти онро дар соҳаи сиёсӣ муайян менамоянд? Ҷавоби ин суол тақозо менамояд, ки муаммои пешгӯи кардани ояндаро аз нигоҳи умумифалсафӣ вобаста ба ҳаёти сиёсии ҷомеа матраҳ намоем. Истилоҳи“ояндабинӣ“ (ба забони русӣ – прогноз) аз забони юнонӣбуда аз ду таркиб , pқo – оянда ва , gnosis – дониш, маърифат, яъне донишҳорооидбаояндадарбар мегирад. Ояндабини ин эҳтимолияти муҳокимаронии инсонро оид ба тағйирёбии объекти тадқиқот буда, вай ба далелҳои илмӣ такя менамояд. Ояндабинӣ вазъи воқеии объекти тадқиқотро омӯхта, роҳҳои эҳтимолии тараққиёти онро муайян менамояд. Агар ин андешаҳоро вобаста ба ҳодисаҳои сиёсӣ матраҳ намоем, ояндабинии сиёсӣ ининъикоси пешакии воқеияти сиёсӣ мебошад. Ояндабинӣ оид ба имкониятҳои амалигардонии мақсадҳои сиёсиро фароҳам меорад. Хусусияти хоси ояндабинӣ дар он аст, ки дар фарқият, масалан аз рушди нақшави, вай ба назарияи эҳтимолият вобаста мебошад, яъне ояндабинӣ на ҳама вақт ба пуррагӣ амали мегардад. Ояндаро мутлақан муайян намудан ғайриимкон аст. Вазифаи асосии шуури ояндабини бунёди тамсилаи раванди ҷараёнҳои сиёсӣ мебошад, ки дар ояндаи наздик ба ҳаёти одамон метавонад таъсир расонад. Аз ин лиҳоз, ояндабинӣ ҳамеша барои пешгири намудани хатару таҳдидҳои сиёсии замони муосир нигаронида шудааст.

Барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ки эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсӣ васеъ гаштааст, пешгӯи намудани моҳияти ин равандҳо хеле муҳим мебошад. Вобаста ба ин ҷараёнҳои иҷтимоиву сиёсии Миср, Ироқ, Сурия, умуман Шарқи наздик, Афғонистон ва Покистон мавриди таҳлили илмӣқарор дода шуда, ба одамон ҳушдор дода мешавад, ки агар мо ба қадри ваҳдати миллӣ, сулҳу ризоият нарасем, аҷаб нест, ки ҳодисаҳои даҳшатбори солҳои 90 –ум боз ба сари мардуми тоҷик баргардад. Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷомеа таҳлил намуда, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд:“ Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мову шумо ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиямонро эҳтиёт ва ҳифз намоем”.

Барои абарқудратҳо фарқ надорад, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна низом барқарор мешавад. Муҳим он аст, ки тоҷикон аз “худии худ”, яъне аз решаҳои таърихӣ, илмиву фарҳангии хеш дур шаванд. Тавассути филмномаҳои пур аз саҳнаҳои фаҳш, ҷабру зулм, воситаҳои электронии ахбори умум: Интернет, сайтҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо дар ҷомеамон арзишҳои барои миллати мо бегонаро паҳн намуда, ахлоқи мардум, хоса ҷавоноро коста мегардонанд. Бояд эътироф кард, ки дар ин роҳ онҳо ягон чизро дареғ намедоранд. Дар ин шароит ҳифз ва пешбурди манфиати миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи худи ҳар як миллат аст.

Таҷриба бараъло собит намуд, ки охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI барои миллати тоҷик давраи пуртаззоду пурталотуми сиёсию иҷтимоӣ буд. Боиси хушнудист, ки мо чун мардуми волофарҳанг тавонистем ин давраи нокомию фоҷиаҳоро паси сар карда, ба бунёдкорӣ ва ободонии Ватани маҳбуб рӯ овардем. Имрӯзҳо бисёр муаррихон, файласуфҳо, ҷомеашиносон ва дигар намояндагони илму фарҳанг ҳангоми арзёбии давраи гузариш аз қарни ХХ ба ХХI – ро мекӯшанд, ҳамчун давраи тезутундшавии зиддиятҳои иҷтимоию сиёсӣ дар заминаи омилҳои этникӣ, мазҳабӣ ва гоҳе чун даврони нофаҳмиҳои якдигар тасвир созанд. Дар ин маврид бо ақидаҳои бархе аз онҳо то ҷое розӣ шудан мумкин аст, зеро бесарусомониҳову нофаҳмиҳои солҳои 90 – ум дар ҳақиқат дар заминаи ин омилҳои иҷтимоию сиёсӣ тоҷиконро ба доми низоҳои иҷтимою сиёсӣ кашида, билохира Тоҷикистонро ба алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ тела дод. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон бори дигар исбот намуд, ки муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ  доштани он бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони Авасто то ба имрӯз моҳияти хешро гум накардааст ва ба ин хотир тоҷик наметавонад, даст ба низоъ занад.

Вале тавре зикр гашт, бадхоҳони миллат бо ҳар ҳилаву найранг кӯшиш доранд, моро боз бероҳа намуда, мехоҳанд, нақшаи даҳшатбори худро амалӣ намоянд. Ва дар ин шароити хеле ҳассос вазифаи ташаккули худшиносии миллии бо назардошти эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ аҳамияти хосае пайдо намудааст.

 

Муллоҷонова Н.А. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like