ТЭТ ҲНИ – ташкилоти террористӣ-экстремистӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб шудан ба  Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки аз ҳама муҳимтаринашон қабули Конститутсия маҳсуб меёбад. Танҳо  ҳамин санади олии ҳуқуқӣ дар навбати аввал ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар марзи ҷумҳурӣ муҳофизат менамояд.

Мутобиқи моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои  бо зўрӣ сарнагун намудани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои  мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ мебошад.

Имрўз дар ҷаҳони муосир зуҳуроти нангини экстремизму терроризм ба рушди инсоният хатари ҷиддӣ эҷод менамояд, ки таъсири он бешубҳа ба ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо низ эҳсос мегардад.

Худи истилоҳи «терроризм» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ваҳшат мебошад. Яъне, сиёсати тарсонидан, пахш намудани мухолифони сиёсӣ ба воситаи зўроварист.

Истилоҳи “экстремизм” бошад, маънои зиёдаравӣ ва ифротӣ (экстремистӣ)-ро дорад, яъне шахсе ки андешаҳояш ба сахтгирӣ ва ё зиёдаравӣ гароиш дошта бошад.

Густариши экстремизм ва терроризм,  кўшишҳои Ҳизби наҳзати ислом, Ҳизб – ут – таҳрир ва ташкилоту ҷунбишҳои гуногуни мазмуни динӣ дошта, дар фаъолияти тарғиби барпо кардани давлати исломӣ ва ё хилофати мусулмонон, гумроҳ намудани оммаи халқ, хусусан ҷавонон ва ба мақсадҳои сиёсии худ истифода бурдани дин, хеле зиёд шудааст.

Кўшишҳои барпо кардани «Давлати исломӣ», ҳодисаҳо дар атрофи Ироқ ва Сурия, иштироки ҷавонони тоҷик дар амалиёти террористӣ бештар ба назар мерасад. Пешгирии чунин падидаҳои манфӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва динӣ маърифатнок намудани аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон, масъалаи меҳварии рўзгори мо мебошад.

Ҳизби Наҳзати Исломии 4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат ташкил шудааст, ки асосгузори он Саид Абдуллои Нурӣ ҳисоб меёбад. Ин ҳизб гунаҳкори асосии оташ задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки дар он  ҳазорон одамон ҳалок шуданд, маҳсуб меёбад. Саркардагони мухолифин, ки бар зидди давлати қонунӣ меҷангиданд,  аъзоёни ҳамин ҳизб буданд. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар солҳои 1992 – 1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолият намуда, пас аз баста шудани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шуда буд.

Аммо, чи тавре ки прокуратураи Генералӣ ва Суди олии Тоҷикистон қайд менамояд: «Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ, барномаи он,   аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд».

Ҳам ҳукумати кишвар ва ҳам халқи тоҷик орзу доштанд, ки аъзоёни ин ҳизб ва сарварони он сабақи хуби таърихӣ гирифта, минбаъд баҳри рушду нумўи кишвар, равнақу ривоҷи демократия хизмат хоҳад кард. Аммо ҳадафу мақсади ҲНИ-и аъзоёни он тамоман дигар буд, онҳо мехостанд, ки бо кадом роҳе, ки набошад ҳокимияти сиёсиро ба даст оваранд ва давлати исломиро дар Тоҷикистон барпо намоянд.

Аз солҳои муташанниҷи навадуми асри ХХ ҳоло 27 сол сипарӣ гаштаст. Халқи тоҷик, он солҳои мудҳишро, ки мардуми кишварро ба вартаи ҳалокат кашида, ҳазорҳо тоҷикро қатли ом карда буданд, бо даҳшат ба хотир меоварад.

Намояндагони ин ҳизби ҷиноятпеша  даъват менамоянд, ки  бо роҳи зўроварӣ сохти конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шавад ва кинаю адовати динӣ барангехта шавад, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд.

Пешвоён ва аъзоёни ҲНИТ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд. Бамаврид аст шеъреро дар ин ҷо ёдовар гардем:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Ҳамин тариқ, муайян карда шуд, ки мақсади асосии ҲНИ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти марзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Дар робита ба гуфтаҳои мазкур, Ҳукумати Тоҷикистон ба дину эътиқодҳои мардум бо эҳтиром ва некбинона назар мекунад, он аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла диндорон ватандўстию ватандорӣ, меҳнат намудан баҳри тараққӣ ва инкишофи кишвар, некбину таҳаммулпазир буданро таманно менамояд.

Қурбонов Ҳ. – мутахассиси шуъбаи

таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like