Ифротгароӣ – муаммои замони муосири ҷаҳонӣ!

Дар раванди ҷаҳонишавӣ барои рушду амнияти ҷомеаи муосир фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии динӣ ва ифротгароӣ таҳдиди калон дошта, барои густариши давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муаммоҳои зиёд ба вуҷуд оварда истодаанд.

Инро дар мисоли воқеаҳои минтақаи Шарқи наздик аз қабили Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Ливия ва дигарҳо баръало дидан мумкин аст.

Бояд қайд кард, ки “Ҳизби таҳрир” дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз он ҷумла дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ҷонибдорони худро пайдо карда, барои зиёд кардани тарафдорони худ кӯшиш карда истодааст. Чуноне, ки маълум аст ҳадафи стратегӣ ва асосии “Ҳизби таҳрир” таъсиси хилофати исломӣ дар минтақаи Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ  мебошад. Ин ҳадаф дар асарҳои тарғиботии ин ҳаракат “Низоми исломӣ”, “Демократия – низоми куфр аст”, “Сиёсати исломӣ”, “Ҷомеаи исломӣ” ва ғайра равшан нишон дода шудааст.

Тибқи ақидаи диниву иртиҷоии “Ҳизби таҳрир”, масъалаи асосӣ барои мусулмонони тамоми ҷаҳон таъсиси давлати исломӣ дар шакли хилофат ва инчунин ҳокими ягонаи мусулмонон таъин кардани халифа мебошад. Ҷонибдорони ин равияи ифротӣ душманони ашадии демократия ҳастанд. Онҳо зидди ҳама гуна ҳуқуқи озодиҳои инсон баромад намуда, озодии виҷдон, озодии дин ва мавҷудияти давлати қонуниро инкор мекунанд.

Бояд қайд кард, ки ин ҳизб соли 1952 аз ҷониби Тоқиуддин Набҳонӣ дар шаҳри Қуддус ташкил гардидааст. Баъди вафоти ӯ ҳизбро Абдулқадим Заллуми фаластинӣ роҳбарӣ намуд. Тарафдорони ин ҳизб дар бисёр давлатҳои Шарқи наздик, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Лубнон ва ғайраҳо мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба фишори сиёсӣ ва таъқибот дучор гардидаанд. Сабаби чунин муносибат дар он зоҳир мегардад, ки мақсади сиёсии ин ҳизб хусусияти яктарафа, тундравӣ ва террористӣ дошта, он тамоми имконияти созишу гуфтушунидро рад мекунад. Асоси ғоявии “Ҳизби таҳрир” панисломизм, яъне таъсиси давлати бузурги исломӣ ва дар он зиндагӣ кардани тамоми мусалмонони олам дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ фаъолияти ин гурӯҳи ҷиноӣ аз тадбиқ намудани ин таълимот иборат мебошад.

Равияи ваҳҳобия равияе мебошад, ки зиёда аз 300 сол қабл асос ёфта, дар Арабистони Саудӣ паҳн гардид. Ғояи ваҳҳобия аз барқарор кардании исломи давраи Муҳаммад пайғамбар ва бекор кардани ҳамагуна тағйиротҳои замони муосир иборат аст.

Дар ҳудуди ИДМ ваҳҳобиҳо бори аввал худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон соли 1992 – 1997 зоҳир намуданд. Дар водии  Фарғона, ки ба он қисме аз ҳудудҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дохил мешавад ба яке аз нуқтаҳои асосии макони мавҷудияти ин ҳаракат аз солҳои 90-ум то ба имрӯз мубаддал гаштааст. Пешбарони ваҳҳобизм одатан ҷавононии гирифтори таассуб ҳастанд, ки омодагии низомиву ғоявиро дар марказҳои бурунмарзӣ гузаштанд. Равияи дигар ин салафия мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни хеле нав аст ва он дар қисми ҳудуди ҷумҳурӣ паҳн гаштааст. Салафиён ҷиҳодро ҳамчун усули асосӣ баҳри вусъат додани ислом дар тамоми ҷаҳон меҳисобанд.

Бешак ин равияҳо имрӯз домони фаъолияти худро васеъ намуда, аз ҳисоби гурӯҳи муайяни ҷавонони ноогоҳ тарафдорон пайдо намуда, ба амнияти ҷомеа хатар ворид карда истодаанд.

Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳаргуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд.

Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат азизу мӯътабар бошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ба шумор меравад.

Одинаев А. – дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like