Хоинони миллат–ҳаргиз ба мақсад намерасанд  

Хоини миллат нафаре аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, ки сардори ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо ном Ҳизби назҳати исломӣ мебошад, ки ин шахсиятҳо паси пардаи ислом истода ҳар гунна игвоангезӣ, хунрезӣ ва амалҳои ваҳшиёнаи инсониро доро мебошанд. Холо ин, ки ислом ба ягон хизб тааллук надорад ва барои худ ҳизбе ҳам надорад. Гуноҳе, ки ин сагони миллат, нисбати халқи мо кардаанд нобахшиднист.

Ин шахсиятҳо мехоханд, ки бо суханҳои дурӯғи худ миллати точикро дар назди башар шарманда намояд ва худашро бошад сафед. Ин душманони дини мубини ислом аз эътикоду динии мардум истифода бурда тавассути ХНИ мехоҳан дар минтака вазъӣ сиёсии кишварро ноором сохта ба ниятҳои нопоки худ расанд. Аммо мегӯянд давидани гӯсола то каҳдон. Амалҳои онҳо аз аввал бе натиҷа буд, ҳаст, мемонад.

Вобаста ба ин, айни замон ки аз ташкили ин гурӯҳҳои иғвоангез ва террористӣ дар хориҷи кишвар, ки қариб даҳ сол сипарӣ мегардад бояд хулоса кард, ки фаъолияти гурӯҳи мазкур чи гуна, натиҷаҳо оварданд. Гуфтан мумкин аст, ки давоми ин солҳо аъзоёни гурӯҳи мазкур аз хориҷи кишвар қарор гирифта, танҳо нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо суханҳои иғвоангез ва туҳмату дурӯғҳои худ паст заданӣ шуданду халос. Дигар ягон манфиат барои Тоҷикистон наовардаанд. Лоақал як пешниҳод барои боз ҳам пешравии Тоҷикистон накардаанд. Фаъолияти инҳо аз ин иборат аст, ки бо кушодани барномаҳои гуногун ва пахши мустақими ин барномаҳо дар сари компютерҳои худ нишаста, дар ҳузури истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ номи Тоҷикистонро паст занан ва онро то метавонанд сиёҳ кунанд.

Ин хоинони миллат бояд дар махбасхонаҳо пӯсида раванд. Солхои 1992 то солхои 1997дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи даҳшатангез хунин руҳ дода буд. Дар ин ҷангӣ бародаркуш садҳо ҳазор нафар одамони бегуноҳ ҷони худро барои хоинони миллати точик бохтаанд, ки имрӯз боз дар хориҷи мамлакат истода бар зидди давлати худ силоҳ бардоштаву сиёҳкориҳоро идома дода истодаанд. Магар ҳамаи Шумо аз Худованд наметарсед ин амалҳои шумоён зидди дин ҳасту бар манфиати дин нест, зеро ин амал ин рафтор, ин кори пешгирифтаи ҲНИ бо роҳбари худ Муҳиддин Кабирӣ фиреб ҳасту сохтакорӣ вай танҳо як чизро медонад, ин ҳам бошад пур кардани киссаи(ҷайба)-и худро дорад тамом. Барои ӯ давлат миллат ё ки ҳаёти инсонги арзише надорад танҳо ба хотири фоида ба даст овардан кору фаъолият бурда истодааст.

Дар асл нигоҳ кунем, агар сабабгори хаммаи ин бесарусомониҳо ҲНИ бо роҳбари Муҳиддин Кабири буд, ки имрӯз низ мехоҳанд воқеан солҳои сипаригашта, хунрезихоро дубора оғоз намояд. Аммо ба мақсад нахоҳанд расид.

Ин хоинони миллат ба мақсад намерасанд зеро, ки имрӯзҳо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон имрӯз Точикистони мо тинҷу ором ва рӯз ба рӯз ободу зебо гашта истодааст. Барои ин мо ҷавонон бояд кушиш кунем то, ки ба хонаи мо даромада осоиштагии кишварро халалдор насозанд.

Мо бояд имрӯз чавонони кишвар пайваста аз дастгирихои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, пайвата бар муқобили ин гуна шахсони қонуншикани ҷомеа мубориза барем. Нақшаҳои баде, ки хоинони миллат доранд ҳеҷ гох амалӣ нахоҳад гашт. Мо низ намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятхои манфур халале ворид шавад.

Қурбонов Ҳ. –мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like