М.Кабирӣ ва иғвои навбатии ӯ
Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати Исломӣ дар иғвоангезии навбатии худ, ки 26 июли соли равон дар мавзӯи «Ҷашни Истиқлол дар сояи коронавирус: чанд пешниҳод ба Ҳукумат» тариқи шабакаҳои интернетӣ пахш гардид, бори дигар ҳамон таҷрибае, ки ба худ хос дорад истифода кард. Дар он замоне, ки ӯ дар курсии парлумон соҳиби овоз шуд, ин таҷрибаро аз худ кардааст. Ӯ пайваста кӯшиш мекард, бо гуфтани камбудиҳои ҷузъии ҳукумат худро ба мардум ширин нишон диҳад. Вале пешравиҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба амал меомад, нодида мегирифт ва бо ин роҳ мехост мардумро ба худ ҷалб карда, ба мақсади нопоки худ бирасад.
Аз ҳамин лиҳоз, мутаъсифона баъзе аз ҷавонони мо, ки дар хориҷ ҳастанд ва аз вазъи кунунии Тоҷикистон ба дараҷаи кофӣ хабардор нестанд, ба суханҳои ин иғвогар бовар намуда истодаанд. Ҳол он, ки мо садҳо нафронро медонем, ки барои бовар намуданашон ба Кабирӣ ва ба роҳи ҷиноят рафтанашон пушаймон гаштаанд. Вале, пушаймони надорад оқибат суд мегӯянд.
Муҳиддин Кабирӣ дар ин баромади худ сараввал оид ба омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, баргузории чорабинии идонаро беҳуда хонда, сиёсати давлатиро танқид намуд. Ин хоинони беақл намефаҳманд, ки баргузории чорабиниҳои идона ин муаррифи фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва тарғиби дӯстиву рафоқат байни мардум мебошад.
Вале ӯ дар давоми суханронӣ аз мавзӯъ дур гашта, доир ба дигар масъалаҳо иғвогарӣ намуд. Ӯ мақомотро дар фасодзадагӣ гунаҳкор дониста, бо ин гуфтори хеш мехоҳад мардумро зидди ҳукумат бархезонад. Ӯ доир ба гӯё паст будани сатҳи зиндагии мардум, озод набудани мардум дар Ватан, набудани ҷойҳои корӣ сухан ронда, тамоми дастовардҳои си соли Истиқлолро нодида гирифт. Албатта, давлат бе камбудӣ намешавад. Тамоми давлатҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафта ҳам камбудӣ доранд. Вале, бо танҳо камбудиро дар хориҷ гуфтан, одамонро ба митингу инқилоб даъват намудан ва байни мардум иғво ангезондан камбудиҳо ҳал намегарданд.
Чунин даъватҳои бемаънии фаъолияти ТЭТ ҲНИ буд, ки дар солҳои наваддум Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Тамоми камбудиҳо низ маҳз аз ҳамон давраи ҷанг сарчашма мегиранд, ки ҳоло ҳам мо баъзеи онро бартараф намуда истодаем. Агар ҳамон ҷанг агар руҳ намедод Тоҷикистон ҳоло даҳсолаҳо пеш мерафт. Роғун ва дигар иншоотҳои муҳими стратегии кишвар кайҳо сохта ба истифода дода мешуданд. Ва ин ҷангро маҳз наҳзатиҳо оғоз карданд.
Кабири Тоҷикистонро бо Афғонистон баробар меҳисобад. Аммо имрӯза ҳолати Афғонистон бозгӯи онанд, ки вазъи ҳаёти мо аз онҳо куллан фарқ дорад. Афғоне гуфта будаааст: “Тоҷикистон ва Афғонистонро як дарё ҷудо месозад. Замин, хок ва ҳаво якгуна аст. Вале пешравӣ ва сулҳу суботе , ки дар Тоҷикистон ҳаст дар Афғонистон нест. Зеро шумо Эмомалӣ Раҳмон доред”.
Он пешниҳодҳое, ки аз тарафи Кабири оид ба таҷлили ҷашни си солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, кайҳо боз аз ҷониби Ҳукумати кишвар корбарӣ мешавад ва бидуни маслиҳати ӯ низ камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ хоҳад шуд.
Аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори кулли мардуми шарифи Тоҷикистон Кабири ва суханҳои иғвоангезонаи ӯро якдилона маҳкум месозем. Ҳеҷ гоҳ халқи Точикистон бо маслиҳати ин хоини миллат кор нахоҳад кард. Зеро тоҷикон Пешвои худро дорад. Бо сиёсати хирадмандони Президенти кишварамон муҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Тоҷикистони навинро бунёд кардем ва дар оянда низ тибқи дастур, роҳнамо ва супоришҳои Пешвои миллат барои рушди Ватани азизамон хидмат хоҳем кард.
Ахмедов Шаҳбоз – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ