Бад шудани муносибати Жапаров ва Ташиев ба масъалаи марз чи таъсир дорад  

Яке аз баҳсҳое, ки имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимиро фаро гирифтаанд  ин қазияи Ворух мебошад. Бархе аз мансабдорон ва худхоҳони қирғиз аз ҳадди худ гузашта, аз меҳрубониву хомӯшии мо тоҷикон истифода бурда, мехоҳанд поррае аз сарзамини аҷдодии моро ғазб кунад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба қирғизҳо ҷавоби дандоншикан доданд. Олимону донишмандони тоҷик бо истифодаи аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ бори дигар собит намуданд, ки натанҳо Ворух, балки Бодкент ва баъзе маҳалҳои қирғизнишин низ ба хоки Тоҷикистон тааллуқ доранд.

Таърих гувоҳ аст, ки Ворух ва ҳамаи заминҳои дар гирди он буда ба мо таалуқ дорад, ки он дар ҳуҷҷатҳои таърихи исбот худро ёфтаанд.  Мо тоҷикон хоки ин сарзамини ачдодиамонро ба ҳеч гуна дуру гавҳар надиҳем ва шумо ҷониби Қирғизистон низ ҳоло фурсат доред барои худхоҳии худ муносибатхои дустонаро миёни ду давлат барҳам насозед, зеро ки мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷгоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳад.

Ҳамин тавр оид ба масъалаи мазкур тамоми шахсони ватандӯсте, ки барояшон ҳар як ваҷаб хоки Ватан азиз аст, сару садо баланд намуданд ва аз тасмими Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сафарашон ба Ворух истиқбол намуданд. Дар ҳақиқат иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат ҷиҳати сафари корӣ ба Ворух тамоми сокинони кишварро рӯҳбаланд намуда, ҷасорату ғурури миллиро дар вуҷуди ҳар як шаҳрванд даҳчанд афзуд. Садои миллати тоҷик боз ҳам баландтар гардид ва садои чанд нафари иғвоангез аз Қирғизистон пасттар.

Ворухе, ки ба марзи номуси ҳар яки мо тоҷикони бонангу ор табдил ёфтааст! Маҳз вобаста ба ин масъалаи номусӣ бояд атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид шуда, ватанамонро соҳибӣ кунем!

Санаи 23 июли соли равон ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки дар шабакаи иҷтимоӣ, аниқтараш дар канали 24кг Ҷумҳурии Қирғизистон маводе, бо номи “Жапаров и Ташиев не могут поделить власть. Экс-чиновники о текущем моменте” паҳн карда шуд. Дар маводи мазкур собиқ Вазири хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Қирғизистон Тилек Токтогазиев фикри худро доир ба бад шудани муносибати Садир Жапаров ва Камчибек Ташиев баён намуда, иброз доштааст, ки ин ду мансабдор якдигарро тамоман намефаҳманд ва муқоби суханҳои ҳамдигар сухан мекунанд.

Тилек Токтогазиев дар саҳифаи фейзбукии худ қайд намудааст, ки “Сиёсати Президент, ки “ман ба ҳамааш ҷавоб медиҳам” мегӯяд, мамлакатро ба пастии сахт мебарад. Яке аз сири идоракунии беҳтарин ин тақсимоти дурусти вазифаҳо, салоҳият ва масъулият мебошад”. Ба фикри номбурда Садир Жапаров ва Камчибек Ташиев ба ҳамдигар хусумат пайдо намуда, барои соҳиб шудан ба нуфузи бештар сохти идоракунии мақомоти маҳаллиро, ки солҳои тӯлони ҳамин тавр буд вайрон намуда истодаанд.

Ҳамзамон Тилек Токтогазиев қайд намудааст, ки “Ду дӯстон, ки ба ду гигант табдил ёфтаанд, тамоми системаи идоракнии Ҷумҳурии Қирғизистонро тақсим карда гирифтаанд”.

Албатта аз паҳн гардидани чунин маълумотҳо бармеояд, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон байни мансабдорони олии давлатӣ якдигарнофаҳмӣ буда, барои нуфузи худро зиёд намудан, муносибати онҳо бо ҳамдигар бад шуда истодааст, ки ин албатта пеш аз ҳама ба ҳаёти худи мардуми давлати ҳамсоя ва ба хулосаи аниқ наомадани онҳо дар масъалаи ҳалли баҳси марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ба мо низ таъсир расонида истодааст.

Албатта масъалаи дохилии онҳо ба мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон алоқае надорад ва мо ба онҳо дахолат кардан ҳам нестем ва ҳуқуқи дахолат ҳам надорем. Лекин чунин ҳолатҳо дар идоракунии давлатӣ, гапгузаронии роҳбарият, мутамарказ набудани идоракунии давлат ба он оварда расонида истодааст, ки мардуми Қирғизистон намедонанд ба сухани ки гӯш намоянд. Ва бо кадом роҳ раванд. Аз ҳамин сабаб бисёр дар марзҳо якдигарнофаҳмӣ ба вуҷуд омада истодааст, ки ба ин нофаҳмиҳо ҷониби Қирғизистон гунаҳкор шуда истодаанд. Яъне бинобар сабабҳои дар Ҳукумати Садир Жапаров якдигарнофаҳмӣ будан халқи қирғиз ба давлат итоат накарда, худсарона қарорҳои ҳукуматро вайрон намуда истодааст.

Мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо хоҳони онем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо ҳемеша сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошад. Ҳамзамон ҳемеша хоҳони бо роҳи сулҳ ҳал намудани муаммоҳои марз ҳастем. Ва дар ин роҳ гуфтанӣ будам, ки хуб мешуд назар ба вазифа талош намудан, роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизстон ба масъалаҳои марз аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то шаҳрвандони онҳо муносибат ва қоидаи ҳамсоягариро бо кишварҳои ҳамсояашон вайрон накунанд.

Қаюмов Ф.Ғ. – Дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like