Хатар барои миллату давлати Тоҷикистон наҳзатиён мебошанд на толибон
Тоҷикистон давлати ободу озод ва ислоҳотгари замони муосир ба шумор мерарвад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ новобаста аз мушкилоти солҳои аввали истиқлолият дар Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омодаанд.
Бо боварии комил метавон иброз сохт, ки маҳз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Сарвари кишвар имконият фароҳам овард, ки ҷанги бародаркуш хотима ёбал ва сулҳи комил дар кишвар ҳукмфармо гардад.
Дар шароити муосир новобаста аз таҳдидҳои ҷаҳон ва бемориҳои сироятӣ дараҷаи рушди иқтисодиёти миллӣ мунтазам пеш рафта истодааст. Барои мисол, иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Умуман дар ин раванд дастовардҳо беназиранд, аммо наҳзатиҳо ин дастовардҳои кишварро нодида мегиранд. Дар баробари ин оиди камбудиҳои хаёлиашон сухан мезананд. Бояд гуфт, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва ташаббусу иқдомоти Тоҷикистонро имрўз тамоми ҷаҳон пазируфтааст ва мавриди истифода қарор медиҳад.
Душманони миллат бошад фақат ба бўҳтонгуиву дасисабозӣ машғул буда чикор карданашонро намедонанд. Аз ҳамин сабаб наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони онҳо, имрӯз ба дуруғпароканию туҳмат кардани Ҳукумат тавассути мақолаҳо машғуланд. Мақолаҳое ки касе онҳоро намехонад ва бовар ҳам надорад, зеро дуруғанд ва ягон асосе надоранд. Воҳимаашон аз худашон бамаротиб калонтар аст. Гоҳ аз номи мардуми тоҷик сухан мегуянду гоҳ чунон воҳима мекунанд, ки гуё раҳаброни кишварҳои аврупоӣ ба сухани онҳо кор мекарда бошанд. Лекин мардуми тоҷик аз руи ин худбохтагони аблаҳ безор аст. Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ бошанд, ба эҳтимоли зиёд аз мавҷудияти ин тудаи табоҳкор, яъне наҳзатиҳо ва Гуруҳи 24 ҳатто хабар ҳам надоранд. Агар дуруст хабар медоштанд ва аниқтар медонистанд, ки инҳо кистанд, дар як рӯз ҳамаашонро баста гов барин ба Тоҷикистон интиқол медоданд. Имрузхо мо дар сомонахои интернети мехонем, ки наҳзатиҳо аз мавкеи хориҷа истода, хамчун «ватанфурӯш» ҷор мезананд.
Имрӯзҳо, ки вазъ дар сарҳади Афғонистон ва Қирғизистон ноором мебошад ва хусусан масъалаи доман паҳн кардани фаъолияти толибон дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст мо бояд хуб донем, ки хатари наҳзатиён аз толибон дида даҳчанд барои мо бештар аст. Зеро сараввал толибон борҳо иброз намуданд, ки ба халқҳои давлатҳои ҳамсоя кордор нахоҳанд шуд. Аз дигар ҷониб мо хуб медонем, ки хатар аз берун барои мо маълум аст, хоҳ аз ҷониби толибон бошад хоҳ аз ҷониби қирғизҳо. Яъне агар бо роҳи осоишта масъалаҳои мазкур ҳал нагарданд, душман ба мо маълум аст. Вале, наҳзатиён, ки дар дохили кишвар баъзе аз ҷавонони сустиродаро ба доми худ кашидаанд ба мо номаълум буда, бадхоҳони миллат аз даруни худамон қарор доранд. Вобаста ба ин, хатари наҳзатиён аз толибон дида барои барои давлату миллати тоҷик зиёдтар мебошад. Ин равандҳо аз мо тақозо менамояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша дар фикри ободии Ватан бошем.
Аммо, халки баору номуси миллати точик ин гуфтахои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо мехнати халол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд ва баҳри боз ҳам пешравии кишвари маҳбуб кору фаъолият мекунанд.
Алимов Б. Ҳ. – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ