Иғвои навбатии Кабирӣ дар мавзӯи “Оё сиёсат ифлос аст?” 

Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрўзҳо дар арсаи байналмилалӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон ба озодии виҷдон,озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат қарор дорад.

Айни замон шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Яке чунин ҳизбҳо, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд.

Хушбахтона бо қарори Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби тафриқаандозу ҷудоихоҳ қатъ карда шуда, он имрӯз ҳамчун ҳизби ифротӣ ва экстремистӣ эълон гардид.

Ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурўғ ба ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.

Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем

Дар замони муосир, дар шароити бархўрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат маҷмўи масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳалли онҳо дастаҷамъӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва ғояҳои созандаро тақозо менамоянд.

Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Терроризм ва экстремизм имрўз бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.

Терроризм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузоштааст, ки он монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст.

Мутаассифона имрўз роҳбари ТТЭ ҲНИ -М.Кабирӣ дар хориҷи мамлакат қарор гирифта тавассути сомонаҳои интернетӣ ба бадномкунии миллати худ машғул аст.

Санаи 12 июли соли равон ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки бо суханҳои иғвоангезони худ боз хонини миллати Тоҷикистон М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мазӯи “Оё сиёсат ифлос аст?” суханроӣ намуда, иғвои худро давом дод.

Аслан худи Кабирӣ ифлос аст, барои ҳамин ҳама чиз дар назараш ифлос метобад. Худ, ки дилу нияти пок надорад, хаёл мекунад ҳамагон мисли ӯ хоҳони бади ба миллат мебошанд.

Ин хоини миллат ва ҳаммаслакони ӯ аз пешравиҳои мамлакатамон озурдахотир гардида, пайваста ба бўҳтону дурўғ машғул аст.  Нақзатиҳо ягон вақт дар фикри пешрафти кишвар набуданду нестанд. Дигар ба касе пўшида нест, ки нақзатиҳо ҳамарўза бо васвасаи шайтон ба бўҳтону дурўғ машғул мешаванд ва бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ба бадномкунию гурўҳбозӣ овораанд.

Аллакай мардуми тоҷик ба хубӣ дарк намудааст, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат амалу фаъолияташ фақат халалдоркунии мафкурии ҷомеа ва ноором кардани фазои орому осудаи мамлакат аст.

Аз ин рў ҳар як мардуми ватандўсту худогоҳи миллати тоҷик фаъолияти Кабирӣ ва ҳаммаслакони ўро дар хориҷа шадидан маҳкум мекунад.

Барои ҳар яки мо сулҳу орому, ваҳдату истиқлолият азизтарин неъмати рўи замин аст. Ҳар лаҳзаи шукри ин ободиву сарсабзӣ, тинҷию оромии мамлакати худро менамоем.

Ҳеҷ гоҳ дигар мардуми тоҷик ба фиребу найрангҳои Кабирӣ бовар намекунанд ва фаъолияти ўро дар хориҷи мамлакат фаъолияти душманона ва ғайриинсонона медонанд.

Сайфиддинов А. – мутахассиси шӯъбаи тарбияи ДДҲБСТ

You might also like