ЧАНД ДУРӮҒ ВА ҲИЛАИ КАБИРӢ
Чанд вақт пеш М.Кабирӣ дар эфир ба тарафдоронаш дастур дод, ки аз фардо таҳқир, дашном ва туҳматро бас кунанд. Ва фармон дод, ки «ҳатто барои ҳимояи худ» ҳам ҷавоб навиштанро қатъ кунанд. Оё аз пагоҳ дастаи таҳқиргару автоответчикҳои наҳзатӣ чун М.Садриддин, М.Кабиров, Муҳамадшарифи Абдулло, Муҳаммад Шарифзода, Муҳаммад Мавлавӣ ва ғайра таҳқиру таҳдиду ҷавобнависиро қатъ карданд? Албатта мо шоҳид ҳастем, ки бо гузашти чанд қадар вақт ҳоло ҳам бас накардаанд, зеро аввалан, ин туҳматнависию ҷавобнависӣ вазифаи корӣ ва «нони даҳан»-и онҳост. Дуввум, онҳо ҳам «устод»-и худро хуб шинохтаанд ва медонанд, ки ин «фармон»-и М.Кабирӣ дар асл як макри кабири ӯ дар назди омма мебошад.
Дар баҳси бори дигар аз “сиёсати сабри” худ Кабирӣ моҳирона истифода бурд ва худро ҳамчун ҷабрдида вонамуд кард.
Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гуё дар Тоҷикистон озоди нест шудааст ва ҳеҷ гуна озодии эътиқоди риоя намешавад. Сиёсати интихобнамудаи роҳбари ҳизби мамнуъ – Муҳиддин Кабирӣ бо номи “сиёсати сабр”, ки онро солҳои охир пеша кардааст, нусхаи аслии барномаи “Ихвон-ул-муслимин” аст. Мутобиқи “сиёсати сабр” наҳзатиҳо дар навбати аввал бояд “қадам ба қадам” вазъи инқилобиро тайёр кунанд ва пасон инқилобро роҳандозӣ намоянд.
Хиёнаткор Ватан надорад. Кабирии беимон ва ба халқу ватан хиёнаткарда дар руйхати аввалини чунин шахсон меистад. Ин ифротии лаънаткардаи халқ бо кирдору рафтори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи туҳмату буҳтонҳои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷии худ “тӯҳфаҳои гарон” мегирад.
Сараввал бояд ба эътибор гирифт, ки ТТЭ ҲНИ ба хубӣ дарк мекунад, ки бо вуҷуди ҳама иддаоҳои мағруронаи хеш аслан ҳеҷ ҷойгоҳ ва пуштвонаи иҷтимоие дигар дар Тоҷикистон надорад, яъне дигар ҳеҷ қишре аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифротгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад. Аз ин рӯ, раҳбарияти ТТЭ ҲНИ барои ислоҳи ин нуқтазаъфӣ худ ночор ба ниҳодҳо ва афроди дигарандешӣ тоҷик рӯй овардааст то сафҳои парешони худро мукаммал кунад, аммо афроду ниҳодҳои дигарандеши тоҷик низ дар заминаи таҷрибаи талхи пешини ҳамкорӣ бо ин ҳизби худхоҳи террористӣ дигар намехоҳанд аз як сӯрох ду бор моргазида шаванд.
Маҳз бо дарки ин вазъият ва афзудани таҷрибаву баланд шудани сатҳи фаҳми сиёсии афроду ниҳодҳои дигарандеши тоҷик ва ба вижа бо назардошти вокуниши онҳо дар баробари паймоншиканиҳои пайдарпайи ТТЭ ҲНИ ҳини фаъолияти эътилофи қаблии нерӯҳои оппозитсионии тоҷик, яъне ИНОТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай пай бурда буданд, ки ҳангоми таъсиси эътилофи нави нерӯҳои оппозитсионӣ ҳатман ба мушкилӣ дучор хоҳанд шуд. ТТЭ ҲНИ барои аз ин вазъият ақалан ба таври зоҳирӣ раҳоӣ ёфтан ва дар назди хоҷагони хориҷии худ ҳанӯз масрафношуда нишон додани энергия ва зарфияти хеш даст ба найранг заданд.
Ин найранг таъсиси созмонҳои худсохта ва рамзие чун “Анҷумани озодандешони тоҷик” (роҳбараш Алим Шерзамонов), “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” (роҳбараш Шарофиддин Гадоев) ва “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” (роҳбараш Илҳомҷон Ёқубов) буд, ки маҳз ба хотири созмон додани эътилофи нав ва пур кардани ҷои нерӯҳои оппозитсионии қаблии аз ТТЭ ҲНИ канор гирифта тӯли ҳамин чанд соли охир бо ташаббусу таҳрики худи онҳо таъсис дода шуда буданд. Бубинед, ки эътилофи кунунии ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” маҳз дар заминаи ҳамоҳангии ҳамин се гурӯҳи ношинохтаву камнуфуз ва ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда шудааст. Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро доранд? Албатта не! Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда нестанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти ин созмонҳо низ ҳеҷ гуна иттилооте надоранд. Пас чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоишу рақси дастобадасти аҷибу ғариби онҳо метавонад “Паймони миллӣ”-е таъсис дода шавад, ки он машруъияти тасмимгирӣ ба ҷои давлати расмӣ, Парлумони мардумӣ ва 9 млн. нафар аҳолиро дошта бошад?
Раҳимова М. А. – номзади илмҳои физикаю математика, устоди ДДҲБСТ