ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ СУЛҲОФАРИ МИЛЛАТАНД
Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароити хубу мусоид дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо барои таълим ва тарбияи насли ҷавон фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.
Ба туфайли таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои тарбия ва таълими ноболиғон ва ҷавонон тамоми шароитҳо барои таҳсили онҳо дар омӯзишгоҳҳои беҳтарини кишвар ва берун аз он фароҳам оварда шудаанд. Дуруст ќайд шудааст, ки “агар соли 1991 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро ҳамагӣ 13500 нафар донишҷӯён хатм хатм карда бошанд, дар соли 2020 шумораи хатмкунандагон ба 40000 нафар расидааст”, дуруст аст, яъне то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст, ки дар давраи Шўравї ё пас аз он то солњои охир кам дар кам љавонон ба муассисањои олии кишвар њамчун донишљў ќабул мешуданд. Ѓамхорињо ва таваљљуњи Пешвои миллат ба љавонон мањз дар ин соња аз он иборат аст, ки ягон љавони кишвар бекор ё бесавод намонда дониши ба талаботи байналмилалї љавобгў дошта бошад. Ѓайр аз ин дар Паёми соли 2021 ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуданд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Зимни таҳлили дастовардҳои соҳа давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд. Таъкид гардида буд, ки дар доираи сиёсати хориҷии Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо гардида, ҳоло дар хориҷи кишвар аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои Тоҷикистон ҷудошуда беш аз 40 000 нафар донишҷӯ, магистр, аспирант ва докторантҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Мутаъсифона бо вуҷуди ноил гардидан ба чунин дастовардҳо боз дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки мунтазам бо паҳн намудани суханҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул буда, бо ин амалашон онҳо кӯшиш мекунанд то номи давлату миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ паст зада бошанд.
Ин дастовардҳои назаррасро Кабириву думравони ў магар намебинанд, ки ин қадар ҳарзагўи мекунанд.
Ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Баҳри расидан ба сулҳу суботи сиёси якдилию якпорчагӣ, сарвари давлат чиқадар ҷонбозиҳо кардаанд.
Ба ҳамин аҳду паймон таҳамулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда роҳбарони ҲНИ ба намакдон туф карданд. То ҳол аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида аз кишварҳои дуру наздик ба сари давлату миллат санги маломат мерезанд. Имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик дӯсту душманро ба хуби шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ дасисаи бадандешон фирефта нахоҳад шуд. Кабирӣ ва ҳамаслакони ӯро хоки ватан кӯр хоҳад кард, бо маслиҳати хоҷагони зархариди худ дар мамлакатҳои хориҷ митингҳои бемантиқ ҷамъ намуда мехоҳанд, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохта гуё ҳақиқати ҳаётро ба онҳо фаҳмониданӣ ҳастанд. Вале кулли мардуми ҷаҳон ва тоҷику тоҷикистониён ки будани он хоинонро медонанд ва сад шукр, ки мардуми имрўз ба атрофиён ба чашми равшан менигаранд.
Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест.
Агар аз дилхоҳ нафар пурсон шави ҲНИ кист ва чӣ амалро ба вуҷуд овардааст танҳо як ҷавоб мегирӣ ҷанг ва найрангҳо дар Тоҷикистон ташкил намудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ин найрангу мардумфиребии Кабириву ҳамаслаконашро бояд зери пой намояд ба онҳо ҷазо диҳад.
Мо бо ифтихор мегўем, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишвар сулҳу суботро таъмин намуданд, балки ба ҷаҳониён ташаббусҳои нодирро доданд, ки баҳри ҳалли бисёре аз масоили глобаливу минтақавӣ мусоидат менамоянд.
Кабирзода Г.Қ. – омўзгори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ