Муҳиддин Кабирӣ – яке аз ворисони Аҳриман

Бале, унвони «Вориси Аҳриман» ба Муҳиддин Кабирӣ арзанда мебошад. Чунки дар хақаиқат ӯ ба миллату Ватани аҷдодии худ бо иғвоангезӣ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст. Агар ба шахсияти М.Кабирӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши Ислом мебошад. Ӯ нисбат ба дини Ислом кӯр-кӯрона муносибат мекунад.

Хиёнат ва иғвоангезиҳои Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба ӯ лаънат мехонанд ва ӯро ташкилотчии асосии ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 меҳисобанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки тӯли фаъолияти худ роҳбарон ва аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНИ дар пешрафт ва  ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.

Хушбахтона фаъолияти ТЭТ ҲНИ соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Вале мутаъсифона баъзе аз аъзоён ва роҳбарони он ҳоло ҳам аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, дар хориҷ аз Ватан бо пахши ҳар гуна барномаҳои бемаънӣ ва беасос мехоҳанд мардумро раҳгум намоянд.

Барои мисол М.Кабирӣ санаи 05 июли соли 2021 дар шабакаи иҷтимоии ЮТУБ дар мавзӯи “Оё сулҳи тарафҳо миллатро ба ваҳдат расонд” баромад намуда, боз аз нигоҳи як иғвоангезӣ байни мардум ақидаи ғарази худро паҳн намуд.

Аслан барномаҳои онҳо пур аз дурӯғ ва бӯҳтон буда, тӯли ду соат, ки барнома идома ёфт ягон сухани аниқ ва конкретӣ аз ҷониби М.Кабирӣ ва барандаи барнома гуфта нашуд. Ба ҷуз он, ки номбурда дар барнома қайд намуд, ки гӯё дар Тоҷикистон ваҳдати воқеӣ вуҷуд надошта бошаду ваҳдати имрӯзаи мо як афсона бошад. Вале ӯ дар бораи Ваҳадати “воқеӣ” чӣ гуна ваҳадат аст ягон сухан нагуфт. Аз ҷониби Кабирӣ қайд гардид, ки осоишта зиндагӣ намудани мардум, якдигарфаҳмӣ, фазои сулҳу оромӣ ин ваҳдат нест. Аз ин бармеояд, ки худи Ваҳдатро ин хоини миллат тамоман сарфаҳм намеравад.

Дар рафти барнома чанд нафар тарафдорни беақли ӯ чунин ба истилоҳ коментарияҳо менавиштанд, ки мардум зидди давлат бароен, шӯриш бардорен, митинг кунен ва монанди инҳо. Ҳол он, ки ҳамаи онҳо худ дар хориҷ ҳасатанд. Шояд аз назари онҳо ин гуна амалҳо ваҳдат бошад? Аҷиб он аст, ки аз ҳамаи ин коментарияҳо худи Кабирӣ хабардор аст, веле боре ҳам иброз намедорад, ки мардумро ба ин гуна бетартибиҳо даъват намудан кори хуб нест.

Яъне ин гуна барномаҳо ва баромадҳои чунин хоинон як кори бемаънӣ буда, танҳо барои роҳгум намудани мардум ва барои соҳиб гардидан ба даромади пулӣ нигаронида шудааст тамом. Яъне онҳо ба воситаи чунин барномаҳо ва ҷалби ҷавонон ба сафи чунин гурӯҳҳои террористӣ соҳиби маблағ мегарданду халос. Худи Кабирӣ ҳам хуб медонад, ки дигар халқи Тоҷикистон ӯро ҳаргиз қабул намекунад.

Дар ҳақиқат ин гуна шахсон ворисони Аҳриман мебошанд.

Ба ин гуна ворисони аҳриманӣ ҳанӯз Фирдавсии бузург дар достони “Кова ва Заҳҳок” –и ишораи карда буд.

Аз порчаҳои достони мазкур бармеояд, ки баъди он ки Аҳриман аз китфҳои Заҳҳок бӯса мекунад, аз ду китфи ӯ мор мебарояд. Морҳо ба сари Заҳҳок ҳамла меоваранд. Аҳриман ба Заҳҳок ҳамчун табиб маслиҳат медиҳад, ки ҳар рӯз морҳоро бо мағзи сари ду ҷавон зиёфат диҳад. Фикру андеша ва мақсаду муроди Аҳриман аз ин маслиҳат он буд, ки тухми инсонро аз рӯйи замин нобуд кунад. Ҳамин тавр морони Заҳҳокро парвариш мекунанд. Фирдавсӣ Заҳҳокро ҳамчун шахси золим, фарзанди нохалаф, рамзи қувваи бадӣ ба қалам додааст.

Ин бори дигар гувоҳӣ аз бузургии Фирдавсӣ медиҳад, ки ҳазор сол пеш пешгӯи карда буд, то замоне мерасад, ки гурӯҳҳои нохалаф мағзҳои сари ҷавонони моро “мехуранд” ва онҳоро ба гумроҳӣ ба роҳи аҳриманӣ мебаранд, зеро ки худи онҳо ворисони Аҳриман ба ҳисоб мераванд.

Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболӣ Садриддин, Шарофиддин Гадоев, Шавкати Муҳаммад, Ҳусей Ашӯров ва якчанд нафари дигари ҳаммаслакони онҳо низ маҳз ворисони Аҳриман буда, ирӯзҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун морҳои тасвирнамудаи Фирдавсӣ кӯшиш намуда истодаанд, ки мағзҳои сари ҷавонони моро “хӯрда” бошанд.

Ҷинояткор, хоин будани шахсони болозикр сад дар сад исбот шудааст. Вобаста ба ин ба онҳо набояд бовар кард ва ба доми онҳо афтод. Тамоми барномаҳои онҳо пур аз иғво ва дурӯғ буда, мақсади асосии онҳо бо воситаи фиреби мардум соҳиб шудан ба даромади пулӣ ва мансаб мебошаду халос.

Исоқов М.Т. – муовини декан оид  ба корҳои тарбияи факултети “Бизнес ва идоракунӣ”-и ДДҲБСТ

You might also like