Мо ҷавонон монанди М.Кабирӣ манқурт нахоҳем шуд

Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
ҲНИ низ, яке аз ташкилотҳои террористӣ ба ҳисоб рафта, амалҳои гурӯҳи мазкур хусусияти эктремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳо мамнуъ мебошад.  ТЭТ ҲНИ тӯли чанд сол аст, ки вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар кишвар халалдор намуда, барои расидан ба ҳадафи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зўроварӣ низ рў намегардонанд, ки амалҳои террористонаи ташкил намудаи онҳо дар соли 2015 гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.
Аслан ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рўйпўшкардашудае аст, ки бо зўран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрӯзҳо низ Муҳиддин Кабирӣ ва чанд нафар ҳаммаслакони онҳо дар хориҷ қарор гирифта мехоҳанд, бо ҳар гуна баромадҳои худ фазои идеологии кишварро вайрон намоянд. Айни замон ин хоинони миллат тамоми қувваи худро ба он равона намудаанд, ки бо баромадҳои бардурӯғи худ мардумро зидди давлат равона намуда, бо тақсим намудани миллат ба гурӯҳҳо боз бетартибиҳо ва ҷанги шаҳрвандиро дар кишвари мо ба вуҷуд оранд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки баъди ба мақсадҳои ғаразноки худ нарасидан ин хоинони миллат аз Тоҷикистон гуреза шуда, ҳоло ҳам аз мақсадҳои нопоки худ даст накашидаанд. Яъне онҳо мисли манқурт шудаанд, ки бе ғайр аз иҷрои супориши хоҷагон ва ё спонсорони худ дигар ягон фикр дар сарашон намеояд.

Аслан образи манқурт дар асари Чингиз Айтматов “Рӯзе, ки аз қарн ҳам дарозтар аст” (“Дуроҳаи бӯронӣ”) оварда шуда, он нафаронеро меноманд, ки ба асири афтода, гузаштаи худро тамоман фаромӯш кардаанд ва ба пуррагӣ ба соҳибони худ ҳамчун ғулом итоат менамоянд.

Дар ҳақиқат аз таърих маълум аст, ки дар асрҳои миёна аз ҷониби асосан муғулҳо ба сари ҷавонон пусти шутурро баста, дасту пояшонро банд намуда, онҳоро дар офтоби сӯзон чанд рӯз мегуштанд. Дар натиҷа равғани дар пӯсти шутур буда, аз гармии офтоб об гашта ба майнаи сари ҷавон ворид мегашт ва муйҳои худи ҷавон низ бо он омехта мешуданд. Дар натиҷа мағзи сари ҷавон аз қобилияти фикр кардан баромада, гузаштаи худро тамоман аз ёд мебаровард. Яъне баъди чанд рӯзи азобҳо ҷавон ё вафот мекард ва ё ба ғуломи ашаддӣ табдил меёфт. Ҳатто чунин ҳолатҳое, мешуданд, ки бо супориши соҳибон ин гуна ҷавонони ғулом модарони худро, ки мехостанд фарзандашонро аз ғуломи озод намоянд ба қатл мерасонданд.

Мутаъсифона дар ҷомеаи мо низ ҳоло ҳам чунон нафароне ҳастанд, ки ҷавононро чунон фиреб мекунанд, ки он тайёр мешаванд тамоми супориши соҳибонашонро бечуну чаро иҷро намоянд.

Барои мисол, чунин ваҳшонигариро мо дар асри 21 ҳам шоҳид гардидем, ки чанд сол қабл дар кишвари Сурия модаре, ки фарзандашро аз гурӯҳҳои террористӣ озод кардан мехост аз ҷониби писараш ваҳшиёна дар пеши назари мардум ба қатл расонида шуд.

Чунон ба назар менамояд, ки гӯё Кабирӣ низ монанди чунин ҷавонон ғуломи хоҷагони худ гаштааст, ки ҳеҷ гоҳ аз мақсади ғарази худ нисбати давлату миллати хеш даст намекашад. Ҳамеша кӯшиши оғози бетартибӣ, митинг, шӯриш ва ҷангро дар ватани хеш мекунад.

Аз ҳама ғамовар он аст, ки Муҳиддин Кабирӣ, ки худ як ғуломи хоҷагони хориҷиаш мебошад бо баромадҳо ва суханҳои бардурӯғаш мехоҳад ҷавонони моро ҳам мисли худ манқурт созад.

Барои мисол М.Кабирӣ санаи 05 июли соли 2021 дар шабакаи иҷтимоии ЮТУБ дар мавзӯи “Оё сулҳи тарафҳо миллатро ба ваҳдат расонд” баромад намуда, боз аз нигоҳи як иғвоангезӣ байни мардум ақидаи ғарази худро паҳн намуд.

Ин хоини миллат М.Кабирӣ дар барномаи иғвоангезнаи худ чунон суханронӣ менамояд, ки гӯё дар тамоми ин нишастҳо иштирок намуда бошаду ваҳдати аслӣ дар Тоҷикистон айни замон вуҷуд надошта бошад.

М.Кабирӣ аз соли 1992 дар хориҷи кишвар аз ҷумла дар Ҷумҳурии Яман, Федератсияи Русия қарор дошту ба Тоҷикистон танҳо тобистони соли 1997 омадааст. Яъне дар ягон нишастҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва НМТ ӯ иштирок накардааст ва аз асли воқеӣ огоҳ ҳам нест. Ин мазмуни онро дорад, ки ӯ ҳуқуқи сухан кардан ва таҳлил кардани қарордодҳои созишномаи мазкурро надорад.

Бо пахши чунин барномаҳо ин хоинони миллат танҳо мехоҳанд моро боз ба гурӯҳҳо тақсим намоянду бо воситаи ҷавонони зудбовар соҳиби мансаб ва даромадҳои калони пулӣ гарданд. Ба онҳо дигар ягон чиз қимату арзиш надорад.

Пас ба суханҳои ин хоинон ва бадхоҳони миллат бовар намудан нишонаи беақлӣ буда, доштани дараҷаи пасти саводнокии динӣ ва дунявиро ифода менамояд.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ба барномаҳои бемаънии пур аз дурӯғи ин гуна хоинон бовар накунем ва фирефтаи онҳо нагардем.

Маматҷулов Ҷ. – муовини декани факултети “Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ”-и ДДҲБСТ

You might also like