Иғвои навбатии М.Кабирӣ дар мавзӯи “Оё сулҳи тарафҳо миллатро ба ваҳдат расонд”

27 июни соли равон аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол пур шуд. 24 сол мешавад сулҳи деринтизор дар партави ризоияти ваҳдати миллӣ дар саросари кишварамон тантана дорад. 24 сол боз сулҳу ваҳдат пойдору устувор ва ба ин васила Истиқлолияти давлатӣ барқарор аст. Пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва устувории Истиқлолияти давлатиро дар ҳар қадам ва дар ҳар самт ба хубӣ эҳсос мекунем. Осудагию оромӣ, тинҷию амонӣ, шукуфоиву сарсабзӣ, ободониву фаровонӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, сол ба сол паст шудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ, риоя ва иҷрои талаботи Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун ва ба ин васила ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ ва амсоли инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ба даст омада, зина ба зина ташаккул ва рушд ёфта истода, Истиқлолияти давлатиро устувортар гардонида истодаанд.

Ба ҳар яки мо лаҳзае нобасомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро пеши назар овардан кофист, то ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем. Нофаҳмиву зудбоварӣ, гаравишу пайравӣ, мазҳабпарастӣ, эътиқоду эътимоди ноҷо, таъсири мафкураи пасти қолабии баъзе руҳониёни аз бартариҳои дунявият ноогоҳ ба зеҳни мардум сабаби сарзании муноқишаҳо шуданд. Муноқишаҳое, ки хисороти зиёди ҷониву молӣ ва иҷтимоиро ба дунбол дошт. Кишвар ба гирдоби туфону кашмакашиҳо ва нофаҳмиву нобасомониҳо кашида шуд.

Вале, имрӯзҳо мо шоҳиди он гардида истодаем, ки хоинони миллати мо дар хориҷи кишвар қарор гирифта, ҳар гуна суханҳои бардурӯғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд, ки он аз мақсади ноором сохтани вазъи Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.

М.Кабирӣ, яке аз чунин шахсон ба ҳисоб рафта, мақсади асосии номбурда ин табаддулоти давлатӣ намудан ва сохти идоракунии демократии Тоҷикистонро ба исломӣ табдил додан аст. Лекин мо худ дида истодаем, ки ҳамақидагони ин хоини миллат дар кишварҳои Сурия ва Ироқ чӣ гуна амалҳои террористиро анҷом дода истодаанд. Ба худ савол додан мумкин аст, ки оё Сурия ва Ироқ давлати исломӣ набуд?. Яъне мақсади асосии ин хоинони миллат, ки ҳамақидаи гурӯҳҳои террористӣ мебошанд аслан кашидани Тоҷикистон ба ҷанг мисли давлатҳои болозикр мебошад. Ба ин террористон на давлати исломи лозим асту на демократӣ. Ба инҳо майдони ҷанг лозим аст, то ба савдои ғайриқонунии одам, яроқ ва маводи мухаддир озодона машғул гарданд.

Вале, ин хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, худро ҳамчун мусичаи бегуноҳ нишон доданӣ мешаванд, ҳол он ки ҷиноятҳои онҳо сад дар сад исбот шудааст ва мардуми Тоҷикистон аз мақсадҳои ғарази онҳо кайҳо огоҳ гардидаанд.

Барои мисол М.Кабирӣ санаи 05 июли соли 2021 дар шабакаи иҷтимоии ЮТУБ дар мавзӯи “Оё сулҳи тарафҳо миллатро ба ваҳдат расонд” баромад намуда, боз аз нигоҳи як иғвоангезӣ байни мардум ақидаи ғарази худро паҳн намуд.

Аслан аз эълони Истиқлолияти давлатӣ то ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фарогири шаш марҳалаи муҳиму сарнавиштсози таърихӣ буда, аз соли 1992 то 1997-ро дарбар мегирад. Яъне заминаҳои созишномаи мазкур дар тӯли панҷ сол мураттаб гашта, танҳо 27 июни соли 1997 муяссар гардид, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Вале, ин хоини миллат М.Кабирӣ дар барномаи иғвоангезнаи навбатии худ чунон суханронӣ менамояд, ки гӯё дар тамоми ин нишастҳо иштирок намуда бошаду ваҳдати аслӣ дар Тоҷикистон айни замон вуҷуд надошта бошад.

Яъне аз ин хулоса баромавардан мумкин аст, ки худи М.Кабирӣ аз соли 1992 дар хориҷи кишвар аз ҷумла дар Ҷумҳурии Яман, Федератсияи Русия қарор дошту ба Тоҷикистон танҳо тобистони соли 1997 омадааст. Яъне дар ягон нишастҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва НМТ ӯ иштирок накардааст ва аз асли воқеӣ огоҳ ҳам нест. Ин мазмуни онро дорад, ки ӯ ҳуқуқи сухан кардан ва таҳлил кардани қарордодҳои созишномаи мазкурро надорад.

Албатта ҳамчун як шахс метавонад дар бораи созишномаи мазкур фикри худро баён кунад. Вале ӯ дар барномаҳои болозикри худ иброз медорад, ки гӯё айни замон дар Тоҷикистон ваҳдату якдигарфаҳмӣ вуҷуд надошта бошаду ваҳдати мо воқеӣ набошад (нигаред дақиқаи 34- уми барномаи мазкур).

Ба ин суханони иғвоангезонаи ӯ ҷавоб додан мумкин аст, ки магар онҳо тинҷиву оромии Тоҷикистонро намебинанд?. Мисоли оддӣ мо мардуми Тоҷикистон метавонем дар кадом соат набошад дар кӯчаҳои кишварам озодона гашту гузор кунем, озодона дар бозорҳо гардем ва аз ин шаҳр ба он шаҳр сафар кунем, шаб ҳатто дарҳои худро қулф нокарда хоб кунем яъне аз тинҷиву оромӣ, магар ҳамаи инҳо меваи ваҳадату якдигарфаҳмӣ нестанд.

Вобаста ба ин, ин гуна барномаҳо як барномаҳои иғвоангезона мебошанд тамом. Мо бояд ҳаргиз ба чунин барномаҳо бовар накунем, зеро хуб аллакай кайҳо аз мақсадҳои ғарази онҳо огоҳ ҳастем.

Мо бояд дар ин давраи ҳассос ҳамеша кӯшиш намоем, то ваҳдату ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки нодиртарин дастоварди мардуми кишвар маҳсуб меёбад, густариш дода, решаҳои таърихӣ ва маънавии он боз ҳам фарохтар ва устувортар гардонида шавад.

Сайфиддинов А. – мутахассиси шӯъбаи тарбияи ДДҲБСТ

You might also like