Дастоварди назарраси донишҷӯёни донишгоҳ

Мусаллам аст, ки дар доираи  татбиқи  сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади   баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ,  рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот мунтазам озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои мухталиф  роҳандозӣ карда мешаванд. Ҳадаф аз доир намудани чунин чорабиниҳо дарёфти ҷавонони фаъолу лаёқатманд ва ба ин васила дастгирию қадрдонии  онҳо мебошад.

Бо истифода аз шароити созгор донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳукук, бизнес ва сиёсати Точикистон бо шинохту дарки рисолати таърихии хеш, андешаҳои созандаю тафаккури бунёдкорона дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок менамоянд, ки саҳми беназири онҳо  дар раванди ташаккули фаъолияти таълимӣ, илмию таҳки қ отии донишгоҳ ва баланд бардоштани нуфузи он дар байни муассисаҳои дигари таҳсилоти олӣ арзёбӣ мегардад.

Аз ҷумла, донишҷӯёни донишгоҳ Моҳпарӣ Дарвешова, Соваршоҳ Азиззода, Мирзомуҳсин Эргашев, Зоҳидшоҳ Эгамов, Шодибек Шоҳимардонов, Рухшона Хуҷова  дар  даври ҷумҳуривии Озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2021» бахшида ба 30-солагии Исти қ лоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040,  ҷойҳои намоёнро  ишғол намуданд.

Инчунин, дар даври ҷамъбастии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни донишгоҳ  Меҳрдод Абдураҳмонзода аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи аввал,  Баҳоваддин  Қурбонов аз фанни сиёсатшиносӣ сазовори ҷойи дуюм,  Абӯбакр Сатторов аз фанни математика,  Ҷаҳонгир Фатҳуллозода аз фанни назарияи иқтисодӣ, Муқбил Қурбонализода аз фанни технологияи информатсионӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Донишҷӯёни номбурда бо дипломҳои дараҷаҳои гуногуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ифтихорномаву мукофотҳои пулии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

Дар Озмуни вилоятии иншои беҳтарин дар мавзӯи  “Ваҳдат саодати халқ аст” ба ифтихори 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ Фарангис Олимиён ҷойи якум, донишҷӯи курси 3-юми  ихтисоси ҳуқуқшносӣ Шабнам Холиқова ҷойи дуюм ва донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси идораи давлатӣ Саида Назарова ҷойи сеюмро ишғол намуда,   бо Сипосномаи Муовини якуми Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дастоварди донишҷӯёни донишгоҳ бозгӯи фаъолияти босамари ҷавонони донишгоҳ дар самти роҳандозӣ намудани барномаҳои нав дар рушди ҳаёти ҷавонон ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад.

Шуъбаи таҳлил  ва робита бо ҷомеа

You might also like