Баргузории конференсияи байналмилалии илмию амалиии «СҲШ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ: 20 соли фаъолияти самарабахш ва дурнамо» дар ДДҲБСТ
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бо доираи васеи коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии дохил ва кишварҳои аъзои СҲШ конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзўи «СҲШ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ: 20 соли фаъолияти самарабахш ва дурнамо» баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Алтай, н.и.ф-м. Райкин Роман Ильич, профессори Академияи илмҳои Федератсияи Русия Сергей Василевич, профессори Донишгоҳи ба номи Гумарбек Даукееваи ш.Алмаато Бахтияр Балжан, муовини директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон Менг Сиангкай ва устодони ДДҲБСТ Ботур Алимов ва Дилрабо Қосимова маърӯза карданд.
Дар ҷаласаи пленарӣ қайд карда шуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай яке аз созмонҳои байналхалқии таъсиргузору қудратманд эътироф гардидааст. Фаъолияти якчанд кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбиву техникӣ пешрафта дар доираи ин созмон ва ҷалби бештари давлатҳои дигар аз ин шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин, доир ба фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳалли масъалаҳои мухталифи сатҳи байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ, гардиши маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили байналхалқӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом, муноқишаҳои миллӣ ва мазҳабӣ, эпидемияҳо, мушкилоти экологӣ ва муносибатҳои бисёрҷониба дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тиҷорат, рушди технологӣ, маорифу фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ бо давлатҳои аъзои созмони мазкур сухан рафт.
Кори конференсия дар бахшҳо идома ёфта, олимону мутахассисони Донишгоҳи давлатии забонҳои шаҳри Нижненовгороди Федератсияи Русия Дмитрий Коршунов, Наталя Морозова, Эраҷ Боев, Светлана Колобова, Олег Колобов, Сергей Устинкин, сармуаллимаи ДПДТТ ба номи М.Осимӣ Гулрухсор Мамурова ва дигарон маърузаҳои илмӣ карданд.
Дар кори конференсия иштирокчиён роҷеъ ба мавзўъҳои меҳварӣ: таҳлили ретроспективӣ тайи 20-соли ҳамкориҳои судманди кишварҳои СҲШ; ҳолат, муаммоҳо ва роҳҳои нкишофи робитаҳои берунаи иқтисодӣ дар доираи СҲШ; самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СҲШ; ҳамкории мамлакатҳои СҲШ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг; СҲШ чун фишанги дастгирии амнияти байналхалқӣ; нақш ва аҳамияти СҲШ дар низоми муосири муносибатҳои байналхалқӣ; СҲШ ва геосиёсати нав дар хоҷагии ҷаҳонӣ; таҳкурсии ҳуқуқии рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар давлатҳои СҲШ ва ѓайра маърўзаҳои илмӣ карданд.
Дар ҷамъбаст иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ барои маърӯзаҳои пурмӯҳтаво, ғолибони озмуни иншои беҳтарин байни донишҷўён таҳти унвони «Тоҷикистон – аъзои фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии СҲШ, як зумра устодон барои омода кардани шогирдон ба олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат” бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои рамзии донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Фароҳам овардани майдони муколамаю муҳокимаи байналхалқӣ дар кори конференсия ва ба ин васила табодули таҷриба дар роҳи густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи маърифатӣ, илмию техникӣ, сиёсӣ, савдою иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа