ТАБРИКОТИ ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Дар таърихномаи ҳар миллату давлат саҳифаҳое мавҷуданд, ки аз лиҳози моҳияти таърихӣ пурарзиш буда, барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун ҳидоятнома хизмат менамоянд. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ падидаи беназир ба ҳисоб меравад, ки дар таърихи навини давлатдориамон ба ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Воқеан, 27-уми июн – Рӯзи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, рӯзи Ваҳдати миллӣ – падидаи нодиру пурарзиши таърихӣ, даврони саодатофарину пурнишоти эҳёи дубораи миллат ва оѓози созандагиҳост, ки аз файзу баракати он давлату миллати мо аз хатари парокандагӣ эмин монд. Ин санади сарнавиштсози таърихӣ ва мақому манзалати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кулли сокинони кишварамон азизу гиромист. Зеро, маҳз ваҳдати саривақтӣ ва бошууронаи мардуми Тоҷикистон боиси эҳёи давлату миллат ва рушди муназзами кишвар гардид.
Сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳаёти осоиштаи халқи моро ба фоҷиаи миллӣ табдил дод, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Маҳз, баъди ба имзо расидани санади муҳимми таърихӣ – Созишномаи сулҳ дар мамлакат сулҳу субот таъмин гашта, гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд ва давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз гардид. Ин сабақҳо ва вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон водор месозад, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз намоем.
Боиси хушнудист, ки мардуми саодатманди кишвар солгарди навбатии Ваҳдати миллиро дар арафаи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллиамон – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил менамоянд. Месазад ба сари баланд ба падидаҳои бузурги тақдирсози миллат Истиқлолу Ваҳдат назар афканда, бо орзуву умедҳои нек ба фардои ободу дурахшон қадамҳои устувор гузорем.
Сиёсати сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил боиси рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи маориф гардида, натиҷаҳои фараҳбахш ба даст омаданд. Бо шарофати ваҳдату ягонагӣ дар қатори дигар соҳаҳо соҳаи илму маориф ба таҳаввулоти назаррас ноил гардид. Ин таҳаввулот ҳам аз нуқтаи назари таърихию илмӣ ва ҳам аз лиҳози густариши заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ, моддиву техникӣ бо дарназардошти дастовардҳои бесобиқаи соҳа шоистаи арҷгузорист.
Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил буд, ки дар тӯли 28 соли мавҷудияташ донишгоҳ зиёда аз 16 ҳазор нафар мутахассисони соҳибтахассус ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнатро омода намуд. Бо ҳисси баланди масъулият ифои вазифа намудани хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат боиси ифтихору сарфарозист.
Соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидани ихтисосҳои донишгоҳ, таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ, ташаккули доираи пажӯҳишот ва инфрасохтори инноватсионии донишгоҳ, густариши фаъолияти байналмилалӣ, таъсиси марказҳои таълимию тадқиқотӣ, ташкили факултети муштарак, ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалию минтақавӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ музаффариятҳои донишгоҳ аст, ки аз нурафшонии хуршеди Ваҳдати миллӣ ва бо нияту мақсадҳои нек ба роҳ мондани фаъолияти босамари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба даст омаданд. Пас, бо камоли ифтихор таъкид медорам, ки имрӯзу фардои мо бо арзишҳои бебаҳо – Истиқлолу Ваҳдати миллӣ пайвастагии ногусастанӣ дорад.
Итминон дорам, ки Шумо – устодону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ бо хушнудиву шукргузорӣ аз самараи неки ваҳдати комили кишвар минбаъд низ дар роҳи ободиву осудагии халқу мамлакат содиқона хизмат намуда, дар гул-гулшукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо саҳм мегузоред.
Бо истифода аз фурсат дар ин рӯзҳои пурсурури 24 – умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ Шуморо табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу осоиш ва бахту саодат таманно менамоям.
Ҷашни фархундаи ваҳдати миллӣ муборак!