Тоҷикистон – сарзамини биҳиштосо

Боиси қайд аст, ки Тоҷикистон – сарзамини зарзамин, пурсахову биҳиштосо, меҳрафзо, зодгоҳи озодагону фарзонагон, оқилону орифон.

Тоҷикистон – макони зебову муқаддас, ки аз ҳар зарраи хокаш тухми муҳаббату садоқат мерезад, аз ҳар гули шукуфтааш атри баҳори орзуҳои ширин ба машом мерасад.

Тоҷикистон. Чун ин номи ҳуҷастаро аз радиову телевизион, аз забони мардум мешунавам, аз рӯзномаю маҷаллаҳо, аз овезаҳо мехонам, дилам аз меҳру ифтихор лабрез мегардад ва гӯё аз шунидани он ба ҷисми ман рӯҳи тоза медамад.

Вақте ки Тоҷикистони моро на танҳо сокинонаш, балки меҳмонони аз кунҷу канори сайёра омадаю аз обу ҳавояш лаззат бурда, бо муҳаббат “гаҳвораи хуршед” ё “сарзамини биҳиштосо” меноманд, меҳри он дар вуҷудамон дучанд афзун мешавад. Боғистони шаҳдрез, кӯҳистони дилрабо ва шаҳру деҳоти зебояш дар назар зеботару дилработар менамояд.

Таърихи халқи тоҷик китоби сарнавишти мардуми бонангу номус аст. Бобҳои равшани зиндагии ниёгони мо аз манзари Ориёни бузург сар карда то мазҳари Тоҷикистони соҳибистиқлол пур аз корнамоӣ ва ҷоннисории мардуми бофарҳанг ва ояндасоз аст. Қисмати Ашкониёну Сосониёну Сомониён барои аҳли башар дарси садоқат меомӯзад.

Халқи тоҷик махсусан, дар замони ҳуҷумҳои забткоронаи аҷнабиёни муғул, таҳдидҳои сахти нестшавии ҷисмониро аз сар гузаронид, ки садҳо ҳазор нафар фарзандонашро сар бурида, шаҳру деҳаҳои обод намудаашро ба харобазор табдил доданд.

Туркпарастони аввали асри XX низ тоҷиконро аз ҷиҳати маънавӣ нест карданӣ шуданд. Вале халқи тоҷик нест нашуд, ҳар бор ба захмҳои бадани худ даво ёфта, қувват гирифт. Миллати мо ба муқобили душман на сипар, балки фарҳанги худро пеш гузошт, ба онҳо иттифоқ, ҳамзистию ҳамкориро пешниҳод кард.

Худ, ки маърифатноку маорифпарвар буд, ба аҷнабиёни кӯчӣ бартарии илму маърифатро исбот намуд, онҳоро низ ба ҳамин роҳ ҳидоят сохт. Тоҷикон тавонистанд нисбат ба ҳамсоягони худ хеле пештар, дар тӯли аз аҳди Сосон то Оли Сомон нишонаҳои қабилавиро паси сар карда, ба халқи ягона муттаҳид гарданд. Вале онҳо ин пешравиро минбаъд идома дода натавониста, ба бемории дигар — маҳалгаройӣ гирифтор шуданд. Фоҷиаи ин беморӣ дар он буд, ки вай халқи моро ҳеҷ нагузошт то худро миллати ягонаи тоҷик ҳисобад. Ҳамин беморӣ халқи тоҷикро нагузошт, ки баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониён, ба ҷуз давлатҳои нисбатан хурди Ғуриён, Куртҳои Ҳирот ва ғайра дигар давлати бузурги мутамарказонидашудаи худро бунёд кунад.

Хушбахтона давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем, ин зуҳуроти номатлуби маҳалгароиро аз байн барем ва дар зери парчами ваҳдату ягонагӣ ба як қатор пешравиҳо ноил гардем.

Маврид ба зикр аст, ки имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллии Тоҷикистон 24 сол пур мешавад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум,ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Имрӯз мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлати мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Мухамедова Ш.Ф. – дотсенти кафедраи ТИКБ-и ДДҲБСТ 

You might also like