Бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем
Мутаасифона, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ қувваҳое ҳастанд, ки бо мақсади пурзӯр намудани манфиатҳои геополитикии худ, даст доштан ба манбаҳои молиявӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро, ки аксарияти аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, зери таваҷҷӯҳи худ қарор дода, бо воситаи маблағгузории фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ мехоҳанд суботи ҷомеаро ноором сохта, сохти давлатдории исломӣ ё худ «хилофат»-ро ба ин кишварҳо таҳмил намоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба тамоюли рушди вазъият дар самти терроризм ва экстремизм омилҳои зерин таъсир мерасонанд:
– тезутунд будани вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар заминаи фаъолияти ҷангҷуёнаи ташкилотҳои террористии “Ҳаракати Толибон”, «Ал-Қоида», “Ҳаракати Исломии Туркистон” ва “Давлати Исломӣ”, таъсири бевоситаи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-паҳн гардидани равияҳои бегонаи динӣ миёни аҳолӣ, шомилшавии ҷавонон ба сафи онҳо, вусъат пайдо намудани ифротгароиву тундгароӣ;
– шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ чӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он ва дар ин замина пайдо гардидани тамоюли нав, иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҷангҳои мазҳабии Сурияву Ироқ.
Далелҳои шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, раванди рафтани онҳо ба муқовиматҳои ҳарбии давлатҳои Сурияву Ироқ нигароникунанда мебошад. Қазияи мазкур қишри солимфикр ва соҳибандешаи ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Проблематикаи Сурия якчанд сабабу омилҳои объективию субъективӣ худро дорад, ки метавонанд ба тамоюли рушди вазъият дар ин самт таъсиргузор бошанд.
Маълум гардид, ки ҷараёни ба муқовиматҳои Сурияву Ироқ рафтани ҷавонон,пеш аз ҳама аз хориҷи кишвар, яъне ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани онҳо оғоз гардид. Ин ҷараён яку якбора сурат гирифта, аз пешакӣ тарҳрезӣ шудани он дарак медиҳад. Шароитҳои вазнине, ки дар онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ арзи вуҷуд мекунанд ба тезонидани он мусоидат намуданд. Намояндагон ва мубаллиғони ташкилотҳои террористӣ бошад, ки аллакай ин шароитҳои муҳоҷирони меҳнатиро хуб омӯхтаанд, онҳоро осон ба доми худ меафтонанд.
Дигар ин ки, муҳоҷирони меҳнатии ба сафи ташкилотҳои террористӣ шомилгардида аксаран ҷавон буда, иродаи мустаҳкам надоранд, ҳамчун “шахсият” пурра ташаккул наёфтаанд. Онҳо, ки муҳоҷирати меҳнатиро роҳи ягонаи ба даст даровардани даромад медонанд ва бо ин мақсад ба Россия ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сафар мекунанд, бо дучор гардидан ба душвориҳои муайян ноумед ва руҳафтода мешаванд. Дар сурати ба онҳо пешниҳод гардидани маблағҳои калон аз тарафи боз ҳамон намояндагони ташкилотҳои террористӣ онҳо дарҳол розигӣ дода, ба кадом амали ғайриқонунӣ даст заданашонро пайхас намекунанд.
Дигар сабаб албатта ин динӣ – этиқодӣ мебошад. Дар ин ҷо аллакай аломатҳо ва таъсири муҳити диние, ки ҷавонон дар он тарбия ёфтаанд, яъне оилаи динӣ, масҷидҳо, мактабҳои динӣ аз худ дарак медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки марказу мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ низ ба раванди шомилшавӣ ва ҷалб намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ва фаъолияти онҳо нақши муассир бозиданд.
Далелҳои зикргардида ва таҳқиқ дар доираи онҳо нишон доданд, ки ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ, бахусус ДИИШ фаъолияти тарғиботӣ-тахрибии худро аз хориҷи кишвар бар зидди сохти конститутсионӣ пурзӯр намудаанд. Онҳо ҷиҳати дар мафкураи аҳолии кишвар ҷо намудани ақидаҳои экстремистӣ, бадбинӣ нисбати сохти конститутсионӣ, ноором кардани суботи ҷомеа аз тамоми роҳу усулҳо истифода менамоянд.
Дастрасӣ ба сомонаҳо ва шабакаҳои зиёди интернетӣ боиси “мағзшӯӣ”-и аксарияти ҷавонон аз ҷониби мубаллиғони ташкилотҳои террористӣ шуда истодааст.
Душманони миллати тоҷик аз ҷумла Кабирӣ, М.Садриддин, Ш.Гадоев ва ҳаммаслакони онҳо низ яке аз чунин мубаллиғон ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи мо медонем, ки тарғиби маводҳои бардуруғи зиддидавлатӣ аз ҷониби ин хоинони миллат бори аввал набуда, онҳо мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати Тоҷикистон суханҳои сиёҳкунанда паҳн менамоянд ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати нотинҷ ва давлате, ки дар он қонуният нест муаррифӣ мекунанд.
Дар баромадҳои худ ин хоинони миллат чунон суханҳои бардурӯғ мегӯянд, ки дурӯғии онро тамоми Тоҷикистониён медонанд.
Барои мисол баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз ҷониби Муҳаммадиқболи С. санаи 19 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии бо номи “Ислоҳ. нет” маводе нашр намуд, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон заминҳои ноҳияи Мастчоҳро ба Ӯзбекистон дода бошад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ин суханон комилан дурӯғ буда, танҳо хусусияти иғвоангезӣ дораду халос. Зеро худ шоҳид ҳастем, ки ягон ваҷаби ноҳияи Мастчоҳ ба давлати ҳамсоя нагузаштааст. Ин танҳо як маълумоте ҳаст, ки М.Садриддин мехоҳад бо воситаи он дили мардуми Мастчоҳро аз Ҳукумати Тоҷикистон “хунук” намояд ва онҳоро ба шӯриш нисбати давлат бархезонад. Яъне ба воситаи ин маълумотҳои бардрурӯғ ӯ мехоҳад мардумро ба митинг ва ҷанг даъват намуда, ба манфиати худ, ки мақсади ӯ ва Кабирӣ бо роҳи зӯри ғасби ҳокимият мебошад истифода баранд.
Чунин маълумотҳои бардурӯғро хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд, ки мақсади асосии онҳо ноором сохтани фазои иттилоотии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ба суханҳои иғвоангезон ҳаргиз бовар накунем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем.
Мо мардуми Тоҷикистон аллакай кайҳо аз нақшаи ғарази ин хоинони миллат огоҳӣ дорем ва бо боварии том мегӯем, ки ба ин суханони иғвоангезонаи онҳо ҳаргиз бовар нахоҳем кард. Зеро мақсади асосии ин хоинон боз Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрванди кашидан ва бо роҳи ҷалб намудани ҷавонон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ маблағ ба даст овардан мебошад.
Юсупов Д. – дотсент, мудири кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ