Муҳаммадиқболи Садриддин ба бемории шизофрения гирифтор шудааст
Тоҷикистон сол аз сол бо азму иродаи қавӣ ва ҷаҳду талошҳои роҳбарияти олии мамлакат хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушд ниҳода, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастовард, навгонӣ, пешрафт ва рушду инкишофи ҳамешагӣ ба чашм мерасанд.
Вале, то ҳол дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба чунин пешрафт ва тинҷиву оромии диёр шукр накарда, барои маблағ ба гумроҳ намудани мардум машғул мебошанд. Ин гуна шахсон бо ҳар роҳу восита мардумро фиреб намуда, мехоҳанд фазои ороми ҷомеаро нотинҷ созанд ва барои маблағ омодаанд зидди миллат ва Ватани худ хоини кунанд.
Яке аз чунин шахсон Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳисоб меравад. Номбурда 15 уми майи соли 1978 дар шаҳри Қурғонтеппа, таваллуд шуда, писари Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода яке аз асосгузорони ТЭТ ҲНИ дар солҳои 1973 мебошад.
Ӯ дар солҳои охир танҳо суханҳои бардурӯғ ва иғвоангезона нисбати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар шабакаи террористии “Isloh.net” ва барномаҳои видеоӣ дар шабакаи YouTube пахш мекунад.
Моҳи октябри соли 2020 Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худи ӯ аз соли 2016 дар хориҷ аз Тоҷикистон мебошад, дар ғайбаш бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ кушода аст.
Ҳангоми мушоҳида намудани баромадҳои номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мо шоҳиди он мешавем, ки ӯ танҳо суханҳои беасос, тӯҳмат, бардурӯғ ва иғвоангез менамояд, ки ҳамаи ин гувоҳӣ аз номӯътадил кор кардани майнаи сари ӯ буда, номбурда гӯё хусусияти дарки дурусти воқеаҳои дар атроф худ шудаистодаро аз даст додааст. Ҳамаи ин бешубҳа нишонаи бемории Шизофрения мебошад.
Бемории мазкур бештар бо ихтилоли рӯҳ падид меоянд. Фаъолияти рӯҳии инсон, табиатан чи хеле ки набошад, дар натиҷаи ихтилоли кори мағзи сар хароб мегардад. Дар мавриди бемориҳои рӯҳӣ воқеият дуруст дарк карда намешавад, чунончӣ, шароити муқаррарӣ ба назар муҳити бегона менамояд, бемор атрофиёнро бадхоҳ ё душман мепиндорад, ӯ дар баробари дуруст дарк кардани олами воқеӣ зери таассуроти таваҳҳуми биноӣ ва шунавоӣ дар тарсу ваҳм аст ё, баръакс, мариз аз ҳад зиёд шод мегардад, аз душманони хаёлӣ мегурезад, ба рақиби хаёлӣ ҳамла меоварад, кӯшиши худкушӣ мекунад ва ғайра.
Сабабҳои бемориҳои мазкур гуногунанд. Дар пайдоиши онҳо омилҳои ирсӣ мақоми хосса доранд. Дар батн иллат ёфтани насл метавонад боиси таъхири инкишофи рӯҳии кӯдак, бемории саръ ва ғайра гардад. Дар пайдоиши неврозҳо осебҳои рӯҳие, ки гоҳо тамоюли ирсиро ба хурӯҷи беморӣ табдил медиҳанд, мавқеи асосӣ доранд. Баъзе бемориҳои рӯҳӣ ба таври шадид (психози шадид аз заҳролудӣ, таъсири сироят ва садама) оғоз ёфта, зуд бартараф мегарданд, бемориҳои дигар ноаён падид меоянд ва дар мавриди онҳо ихтилоли рӯҳӣ беш аз пеш меафзояд (баъзе шаклҳои шизофрения, психозҳои пиронсолӣ).
Барои чунин беморон дунёбезорӣ, ихтилоли тафаккур, пурра ё қисман фаромӯш сохтани ҳодисаҳои давраи ихтилоли ҳуш хос мебошад. Заифақлӣ коҳиши бебозгашти тамоми фаъолияти рӯҳист. Он бо рафъ гаштани донишу малакаҳое, ки дар гузашта андӯхта шуда буданд, падид меояд.
Барои М. Садриддин бошад сабаби бемории мазкур шояд аз хурди дидани манзараҳои ҷанг дар давлати Афғонистон ва рӯзҳои сахт дар онҷо шуда бошад.
Сабаби бемориаш чи ки набошад муҳимаш он аст, ки ӯ як бемори рӯҳӣ аст, вобаста ба ин, ба суханҳои ин бемор ҳаргиз набояд бовар кард.
Беҳуда намегӯянд, ки “агар дар ҳаёти худ шахси гунаҳкорро дидан хоҳӣ, пас оинаро гир ва ба он нигаҳ кун”. Вобаста ба ин, тамоми бадбахтиҳое, ки ба сари М. Садриддин омадааст худи ӯ ва наздикони ӯ гунаҳкор мебошанд. Зеро ин ватанфурӯшон танҳо мехоҳанд баъзе аз шахсони зудбоварро барои расидан ба мақсадҳои худ истифода баранд тамом.
Ин иғвоангезони ватанфурӯш бо пахши чунин барномаҳо танҳо мехоҳанд моро ба гумроҳӣ баранд. Мақсади асосии онҳо ҷалб намудани Тоҷикистон боз ба ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, баъди ба ҷанг кашидани Тоҷикистон мехоҳанд бо истифода аз вазъият мақсадҳои нопоки худ аз ҷумла ба савдои одамон, яроқ ва маводи мухаддир машғул шаванд.
Вобаста ба ин, ҳамаи мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки новобаста дар ҷойи қарордоштаамон, хоҳ дар дохили Ватан ва хоҳ дар хориҷи он бояд ҳамеша дар фикри пешрафт ва ободии Тоҷикистони азиз бошем ва ҳаргиз ба суханҳои иғвоангезонаи онҳо фирефта нашавем.
Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи
таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ