Набояд фирефтаи ифротгароён шуд!

Ба ҳар яки мо маълум аст, ки Суди Олии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 созмони “Гурӯҳи 24”-ро ифротгаро хонда, фаъолияташро дар қаламрави Тоҷикистон манъ намуда буд.  Сабаби асосии манъ гардидани фаъолияти гурӯҳи мазкур аз он иборат буд, ки аъзоёни он аз хориҷи кишвар қарор гирифта, сокинони Тоҷикистонро ба барканории давлати феълӣ ва ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват менамуданд. Албатта ба ҳама маълум аст, ки ташкили гирдиҳамоии эътирозӣ ва митинг ин оғози ҷанги шаҳрвандӣ мебошад.

Вобаста ба ин, айни замон ки аз ташкили ин гурӯҳи иғвоангез ва террористӣ қариб даҳ сол сипарӣ мегардад бояд хулоса кард, ки фаъолияти гурӯҳи мазкур чи гуна, натиҷаҳо оварданд. Гуфтан мумкин аст, ки давоми ин солҳо аъзоёни гурӯҳи мазкур аз хориҷи кишвар қарор гирифта, танҳо нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо суханҳои иғвоангез ва туҳмату дурӯғҳои худ паст заданӣ шуданду халос. Дигар ягон манфиат барои Тоҷикистон наовардаанд. Лоақал як пешниҳод барои боз ҳам пешравии Тоҷикистон накардаанд. Фаъолияти инҳо аз ин иборат аст, ки бо кушодани барномаҳои гуногун ва пахши мустақими ин барномаҳо дар сари компютерҳои худ нишаста, дар ҳузури истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ номи Тоҷикистонро паст занан ва онро то метавонанд сиёҳ кунанд.

Яке аз чунин барномаҳои аъзоёни гурӯҳи мазкур бо номи “Ҳақ ва ботил” буда, дар барномаи мазкур мунтазам суханҳои бардурӯғ нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешавад. Ин ватанфурӯшон ягон маротиба доир ба пешрафти Тоҷикистон ва рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар он ва ҳатто аққалан дар бораи манзараҳои дилфиреби диёрамон сухан наменамоянд. Танҳо ва танҳо доир ба камбудиҳои бофтаю фикркардабаромадаи худ сухан мекунанд. Мақсади асосии онҳо боз Тоҷикистонро ба ҷанг кашидан аст тамом.

Барои мисол пахши мустақими барномаи мазкур, ки санаи 08 июни соли 2021 дар шабакаи ютуб намоиш дода шуд дар он барандаи барнома Убайдулло Саидӣ баромад намуда, ҳангоми гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандони Тоҷикистон ҷумлаҳоро бо чунин мазмун қайд намуд:

– Барои чӣ Эрон бо давлати Тоҷикистон боз муносибатро хуб мекунад, ҳол он, ки Тоҷикистон душмани Эрон аст;

– Дар Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти динӣ ягон мадрасаҳо вуҷуд надоранд;

– Гуфтушунид бо қирғизҳо ягон натиҷа надодааст;

– Мардум зудтар митинг кардан лозим;

– Хабарнигорони Тоҷикистон ягон маълумот доир ба ҳодисаҳои наздисарҳадӣ нашру намоиш намедиҳанд ва монанди инҳо.

Аз ҳамин панҷ ҷумлаи онҳо фаҳмидан мумкин аст, ки онҳо хоин ва ватанфурӯш мебошанд. Зеро дар хориҷ қарор гирифта, кӯшиш намуда истодаанд, ки бо ҳар роҳ муносибатҳои давлатҳои ҳамсоя ва наздикро зидди Тоҷикистон равона намоянд. Мардумро ба митинг ва бетартибӣ даъват намуда, бо номи дини мубини ислом  ва бо баҳонаи он, ки гӯё дар дар Тоҷикистон озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ вуҷуд надошта бошад боз мехоҳанд Ватани азизамонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашанд.

Доир ба муносибат бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳеҷ вақт душмани давлати номбурда набуд. Маврид ба зикр аст, ки сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳанӯз моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуда, сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бошад моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардида буд.

Дар тӯли 28 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо боздид ба амал овардаанд.

Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегирад. Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои охир сабаби нисбатан бад гардидани муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари номбурда маҳз аъзоёни ҳамин ҳазби террористиву экстромистии наҳзати Ислом ба ҳисоб меравад. Айни замон, ки ин хоинони миллати тоҷик аз Эрон пуштибонӣ надида истодаанд, акнун зидди ин давлат баромада, ба давлати Исломӣ низ хоинӣ карда истодаанд.

Доир ба гӯё дар Тоҷикистон вуҷуд надоштани мадрасаҳо бошад маълум менамоем, ки ҳанӯз  дар таърихи 2-юми ноябри соли 2007 бо Қарори № 547 Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман таъсис ёфтааст. Соли 2009 ба муносибати соли бузургдошти Имоми Аъзам-Абӯҳанифа бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит номгӯзорӣ карда шуда, аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди донишгоҳҳои исломӣ мебошад. Ҳамзамон аз соли 2007 то ин ҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” амал менамояд, ки мувофиқи он бо иҷозати муассисаи ваколатдор дар соҳаи дин  ва маориф ҳар шахс метавонад ба гирифтани таълимоти динӣ машғул гардад.

Агар доир аз натиҷаи музокирот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон сухан кунем, бояд қайд намоем, ки натиҷаи музокирот буд, ки дар марзи ду кишвар вазъият ором гардида, ба амалҳои мусаллаҳона хотима бахшида шуд. Магар ин натиҷаи музокирот нест?

Дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ маълумот доир ба ҳодисаҳои дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба вуҷудомада нашр ва намоиш гардида, ба маълумоти сокинон саривақт расонида шуда истодааст.

Хулоса намудан мумкин аст, ки фаъолияти аъзоёни гурӯҳи мазкур танҳо иғвоангезона буда, моро мебояд, ки ҳаргиз ба суханҳои онҳо гӯш надиҳем ва фирефтаи онҳо нагардем.

Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил

ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like