Нолидани Кабирӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон

Дар ҳама давру замон шахсони нохалафу манфиатҷў буданд, ки барои амали намудани манфиатҳои шахсии худ ба ҳама кор даст мезаданд, то ки нақшаю кашидаи худ ё хоҷагонашонро амалӣ намоянд. Дар замони имрўзаи низ чунин афродҳо ба чашм мерасанд, ки мутассифона миллати мо низ аз он дар канор нест. Бояд гуфт, ки ин қабил одамон дар оянда низ пайдо мешавад ва насли имрўзаи миллати мо бояд коре кунад, ки чунин нафарон ба мақсадҳои нопоки худ нарасанд ва барои насли оянда ҳамаи ин ҳодасаҳо бояд дарси ибрат бошад, токи милату давлатро аз чунин падидаҳои номатлуби ҷомеа пок созанд.

Давлату миллати мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолияш бо чунин шахсон дучор шуд, ки қариб  буд давлату миллатро ба нестӣ оваранд. Вале давлату миллати тоҷик тавонист, ки худашро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ барорад ва мардумро ба сарҷамъиву ваҳдати миллӣ оварда расонад.  Бо мухолифин дасти дўстӣ дароз карда ба онҳо бовар кард,  вале мақсаду мароми на ҳамаи онҳо ба гуфтаҳояшон як буданд.  Хусусан баъди ба сари  ТЭТ ҲНИ омадани Кабирӣ кору пайкори ин шахсон дигар шудан гирифт.  Оқибат соли 2015 бори дигар М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш кўшиши ғасби ҳукумат намуданд вале ин мақсади нопоки онҳо амалӣ нагардид. Зеро давлату ҳукумат мисли солҳои 90-ум заифу ноавон нест қувваҳои муссалаҳ  ва дигар сохторҳои қудратии дахдори давлатӣ тавонистанд, ки ин ҳодисаро дар як вақти кутоҳ пешгирӣ кунанд ва шахсони ба ин кор даст доштаро нобу ва дастгир кунанд. Вале барҳе аз онҳо мисли солҳо 90-ум аввал худашон ва наздиконашонро ба хориҷа гурезонида аз он ҷо пайравони гумроҳгаштаи худро ба табаддулоти давлатӣ водор сохтанд. Баъди шикасти  нақшаи М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш онҳо дигар аз ҷангҳои рў ба рў даст кашида ба ҷангҳои иттилоотӣ пардохтанд, ки барои онҳо ин кор хеле қулай мебошад. Зеро онҳо дар хориҷи кишвар қарор дошта ҳар гуна маълумотҳои бофтаю дурўғ ва беасосро дар сомонаҳои худ ҷо дода худро бо ин васила мехоҳанд, ки сафед ва мўсичаи бе гуноҳ нишон диҳанд ва ҳама бадбахтию камбудии имрўзаи шаҳрвандони кишварро ба ҳукумати имрўза алоқаманд карданиянд.

Акнун М. Кабирӣ бо тағйир додани номи  ТЭТ ҲНИ ба “Паймони миллӣ” мехоҳад худро дигар кас нишон диҳад. Вале  бо вуҷуди ҳамаи ин тағийротҳо М. Кабирӣ ҷавҳари аслии худро дигар накардааст. Доимо дар фикри табаддулот кардан дар Тоҷикистонро ҳаракат мекунад. Боз бо мақолаи навбатии худ баромад намуда, вазъи иқтисодӣ, маориф, соҳаи тиб, энергетика, муҳоҷират, ифротгароӣ, маводи мухаддир, қарзҳои Тоҷикистону Чинро ба ҳукумати имрўза алоқаманд менамоянд.

Ҳол он ки сабаби ҳамаи ин камбудиҳои номбаркардаашон худи онҳо ва пайравонашон мебошанд. Магар Кабирӣ намедонад, ки сабаби дар сатҳи зарурӣ рушд накардани иқтисодиёти кишвар, маориф, соҳаи тиб, энергетика, муҳоҷират, ифротгароӣ, маводи мухаддир ва пайдо шудани  қарзҳои берунаи Тоҷикистон ин ҷанги шаҳрвандӣ ва ғорат кардани кишвар, несту нобуд сохтани заводу фабрикаҳои мавҷудбуда, мактабу донишгоҳо, бемрхонаҳо, ба чор тараф паҳну парешон шудани шаҳрвандон аз тарси ҷанги оғознамудаи онҳо, ба Тоҷикистон роҳ ёфтани гурўҳҳои террористию экстремистӣ, ифротгарою нашъаҷалоб бо сабаби ҷанг ва бе назорат мондани сарҳад ва ғайра… мебошанд, ки ҳукумати имрўза бештари онҳоро дубора аз сифр барқарор карда истодааст. Имрўз кишвари мо молу маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол карда, наврасону ҷавонанаш дар арсаи байналхалқӣ аз фанҳои мухталиф ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Шумораи муҳоҷирон, ки ба ватан баргашта дар ин ҷо мавқеи худро ёфта истодаанд, сол аз сол афзуда истодааст. Тибби тоҷик дар мубриза бо пандемияи КОВИД 19 худро фаъол нишон дода, вазъиятро дар кишвар мўътадил намудаанд.

Тоҷикистон ҳачун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамаи мушкилотҳои мавҷудбуда нигоҳ накарда қадамҳои устуворро гузошта ба пеш рафтаистодааст. Ҳамаи ин дастовардҳои кишвари мо дар даҳсоли охир ба даст оварда шудааст, зеро то солҳои 2000-ум кишвари мо оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда истода буд ва имрўз низ онҳоро бартараф карда истодааст. Метавон бо бовари том гўем, ки дар даҳсолаи оянда сатҳи зиндагии мардуми кишвари мо аз ин ҳам хубтару беҳтар мешавад ва мо ба наслҳои оянда як кишвари гулгулшукуфонро ба меърос мегузорем. Он чизеро, ки М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба миллату давлати пешниҳод кардаашонро мо як маротиба аз сар гузаронидем, дигар миллати тоҷик ҳеҷгоҳ даст ба гиребону мушт бар сари ҳамдира намебардорад.

Давлатов У.Н.ассистени кафедраи

 муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like