Ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон дар ДДҲБСТ
Бо баргузор намудани чорабинии тантанавӣ моҳвораи ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик кард. Илова шуд, ки масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини мустақилияти Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати Роҳбари давлат қарор дошта, аз ҳадафҳои муҳими Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ як гуруҳ кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар озмуну олимпиада ва мусобиқаҳо аз қабили озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, «Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ», инчунин ғолибони озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», бахшида ба Иди Наврӯз-2021, ғолибони озмуни лигаи «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» ва барои иштироки фаъолона дар чорабинии оммавӣ – варзишии «Дави миллӣ», ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Сипосномаву Ифтихорнома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи моҳвораи ҷавонон дар донишгоҳ як қатор мулоқоту вохӯриҳои судманд, мизҳои мудаввару чорабиниҳои маърифатӣ ва озмуну мусобиқаҳои гуногун ташкилу роҳандозӣ гардиданд.
Ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон дар ДДҲБСТ бо барномаи фароғатии дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и назди раёсати донишгоҳ хубу хотирмон хотима ёфт.