Кабирӣ оромии Тоҷикистонро намехоҳад!
Ҳодисаҳои солҳои 90-умро халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунад. Дар аввалҳои солҳои 90-ум, пас аз пошхўрии собик кишварҳои шўравӣ, Тоҷикистони азизи моро нафарони бевиҷдону ватанафурўш ба монанди аъзоёни Ҳизби наҳзат (ташкилоти экстремистию террористӣ) ба хоку хун кашид. Дар натиҷаи ин хунрезиҳо зиёда аз 80 ҳазор нафар ҳамватанони мо чони худро бохтанд, 800 ҳазор нафар тарки Ватан карданд, 500 ҳазор нафар кӯдакон бесаробон ва ятим монданд ва ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар хисорот ворид гардид. Ин рўзҳои мудҳишро ба сари миллату давлати мо ки овард?
Албатта таърих гувоҳ аст, ки ин рўзҳои вазнинтаринро ба сари халқу миллати мо ана ҳамин «косалесони хориҷӣ», мансабталошон ва кўтоҳандешон оварданд. Ҳатто аз баёд овардани он рўзҳо вуҷуди шахсро ларза фаро мегирад, зеро давлати тоҷикон дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт. Дар урфият мегўянд, кӣ «Кўр асояшро як бор гум мекунад». Мо дигар набояд ба ин косалесони муттаҳам, ки ақлу виҷдону халқу ватани худро ба пулу мол иваз кардаанд гўш кунем.
Кабирӣ ва атрофиёни ў, ки имрўз аз хориҷи кишвар истода ба мо насиҳат мекунанд, мақсади нопок доранд. Мо ҳамагон бояд мақсадҳои нопоки онҳоро фош намоем ва нагузорем, ки ҷавонони мо фирефтаи найрангу бозиҳои онҳо шаванд. Саволе ба миён меояд: агар Кабирӣ дар ҳақиқат мақсади пок ва обод кардани ватани азизамонро дошта бошад, барои чи ба Тоҷикистон омада ҳамроҳи мо ин ватанро обод намекунад? Чунин саволҳо хело зиёданд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки Кабирӣ ва атрофиёни ў барои ҳар як сухан ва наворҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маблағҳои калонро соҳиб мешавад. Ана барои ҳамин онҳо шабу рўз бо афсонаҳои нав ба нав баромад намуда мардумро гумроҳ менамояд.
Мо набояд фаромўш созем, ки Кабирӣ ва атрофиёнаш бо ки риштаи дўстӣ доранд. Пеш аз ҳама бо ташкилотҳои террористӣ ба монандӣ: “ДОИШ”, “Ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Ҳизбут-таҳрир” ҳамкорӣ дорад. Ин ташкилотҳои террористӣ дар тамоми давлатҳо хунрезиҳои зиёде кардаанд. Давлати Сирияро бинед. Як давлати ободу зеборо ба давлати валангор табдил доданд. Афғонистони ҳамсояро бубинед, ҳаррўз овози тир шунида мешавад. Мо хуб дарк мекунем, ки Кабарӣ мехоҳад давлати моро ба майдони ҷанг табдил диҳад ва аз ҳамин ҳисоб дар хориҷа истода пулу моли зиёд кор кунад. Ана ҳамин аст мақсади ягонаи Кабирӣ.
Дурўғгуии пайвастаи Кабириро мо ҳамагон медонем. Вай як нафаре аз ҳамон «агент»-ҳои ба хадамоти махсуси хориҷӣ фурухташудае мебошад, ки барои вай халқу ватан ягон қиммате надорад ва пулу мол барои вай аз ҳама пеш меистад. Яъне вай нафарест, ки такя ба хоҷагони хориҷиаш намуда мехоҳад Тоҷикистони орому осудаи моро ноором созад.
Мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ин ноҷавонмард ба ҳадафҳои нопоки худ расад.
Ҷабборов А.А. – н.и.ф-м., дотсент,
декани факултети инноватсия
ва телекоммуникатсияи ДДҲБСТ