Ғолибияти донишҷӯи ДДҲБСТ дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Донишҷӯи сол”

Донишҷӯи соли сеюми факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Аслия Абдуллоева  дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Донишҷӯи сол” ба гирифтани мақоми дуюм шарафёб гардид.  Аслия Абдуллоева ягона донишҷӯ буд, ки дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ вилояти Суғдро намояндагӣ мекард. Ҳайати комиссияи озмунӣ аз рўи шартҳои -худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ – слайд презентатсияҳо); санҷиши дониши тахассусӣ; дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сатҳи забондонӣ; навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣ – тоҷикӣ) вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон маҳорату малака ва дониши иштирокчиёнро  баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷа донишгҷӯи ДДҲБСТ Аслия Абдуллоева сазовори ҷойи дуюм дониста шуда, дар вазъияти тантанавӣ  бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Донишҷӯи сол” ҳамасола байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, фаъолияти онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо роҳандозӣ мегардад.

Раёсат, ҳайати устодону кормандон ва муҳассилини донишгоҳ Аслия Абдуллоеваро бо ғолибияташ табрик намуда, дар фатҳи қуллаҳои илмиву таҳқиқотӣ бурдбориву комёбиҳои бепоён таманно доранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like