Иштироки фаъоли ҷавонони ДДҲБСТ дар чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон
Бегоҳии 23 майи соли 2021 беш аз 1500 нафар устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар саҳни бинои асосии донишгоҳ ҷамъ омада, барои раҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон омодагӣ диданд. Устодону кормандон ва донишҷӯён ба ҳам омада, то макони асосии чорабинӣ, ки назди Театри давлатии масҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ муайян гардида буд, дар даст шиору овезаҳои ватандӯстона ва парчамҳои хурду бузург қадам заданд. Дар майдони назди Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят, ки идгоҳ буд, дар қатори донишҷўён, ҷавонони фаъоли тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, сокинону меҳмонон ҷамъ омада буданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ ҷавонон- фаъолони вилоят ва дар симои онҳо кулли сокинони сарбаланд, хусусан ҷавонони саодатёри вилоятамонро, ки дар асл бақои кишвару миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ва халқи азизамон ҳастанд, ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон саминона муборакбод гуфта, ба ҳамагон сиҳатмандии комил, бахту иқболи накў ва барору бурдбориҳо таманно намуд.
Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерўи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобанд ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат муайян намудаанд. Маҳз чунин сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ҷавон аст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрўз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ бамаротиб беҳтар гардидааст ва ҷавонони мо ҳоло дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми сазовор гузошта истодаанд. Дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад.
Сипас, аз ҷониби сарояндагони маҳбуби кишвар ва аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертӣ пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ гардид ва ҷавонон то дергоҳ зери суруду таронаҳои дилошўб шодмонӣ намуданд. Мушакпарронии идона бошад ба чорабинӣ ҳуснии анҷом бахшид.














