ДДҲБСТ: Маҳфили ширу шакар ба ифтихори ҷашнҳои шоирони номвар

22 майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида 110- солагии қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва 70- солагии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло чорабинии адабию фарҳангӣ доир шуд.

Дар чорабинӣ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода, соҳибҷашн – Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, адибон, аҳли адабу фарҳанг ва дилбохтагони шеъри ноби тоҷикӣ ширкат варзиданд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши китобҳои тозанашр ва асарҳои адибони тоҷик дидан карданд. Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода номаи шодбошии раиси вилояти Суғдро ба ифтихори 70-солагии Камол Насрулло қироат карда, ба соҳибҷашн тӯҳфаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро тақдим кард.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим зимни маърӯзаи хеш аз дастгириҳои давлату Ҳукумат ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли адаб ёдовар шуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудан ва гиромидошту қадршиносии адибони ҷумҳурӣ изҳори сипос намуд. Қайд шуд, ки эҷодиёти Камол Насрулло фарогири мавзӯъҳои ватандӯстона буда, ҳар нафарро ба хештаншиносӣ, дӯст доштани сарзамин, арҷгузории таъриху тамаддун раҳнамун месозад.

Дар идома ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло маҳфили ширу шакар сурат гирифт, ки созибҷашн маҳфилоро буд. Адибон ба навбат баромад карда аз эҷодиёти Камол Насрулло шеъру гуфторҳо қироат ва аз дӯстиву рафоқат ба ӯ ёдоварӣ карданд. Дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”- и назди раёсати донишгоҳ бо роҳбарии устоди санъат Саидқодир Ёқубов бо сурудҳои дилнишин ба шукӯҳи маҳфил таровати дигар зам карданд. Шоирони навқалам, донишҷӯён низ бо шеърҳояшон соҳибҷашнро шодбошӣ карданд.

Дар фарҷом ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ташрифи адибонро ба донишгоҳ фоли нек маънидод карда илова намуд, ки аҳли зиёи мамлакат ба таври ҳамешагӣ зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор гирифтаанд. Сарвари донишгоҳ адибонро қишри фаъол ва пешоҳангӣ ҷомеа маънидод карда, саҳми онҳоро дар амалигардонии иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас унвон кард.

Дар анҷом ба соҳибҷашн ва адибони мамлакат тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардида, маҳфили ширу шакар хубу хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ ба интиҳо расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like